Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Истеъдод беҳтаринҳоро муаррифӣ намуд

Истеъдод беҳтаринҳоро муаррифӣ намуд

- Баргузории озмуни «Истеъдод» беҳтарин ҷавононеро, ки замирашон ганҷинаи каломи мавзун, дастони моҳирашон пайравони санъати Беҳзод ва садои маҳинашон паёме аз олами худофариниши модарро медиҳад, барои мо муаррифӣ намуд, гуфт Асадулло Муллоҷонов, раиси ҳакамон зимни ҷамъбасти озмуни «Истеъдод», ки дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон доир гардид. 
Санаи 5 март дар доираи силсилачорабиниҳои донишгоҳӣ бо ибтикори раёсати тарбия ва кор бо ҷавонон бахшида ба таҷлили Рӯзи модар озмуни «Истеъдод» аз рӯи се номинатсия «Тасвири беҳтарин акси модар», «Беҳтарин суруди «Алла»» ва «Беҳтарин қироати шеър» дар васфи модар доир гардид. Дар озмун доираи зиёди донишҷӯён ширкат варзида, ҳунару истеъдоди худро муаррифӣ намуданд. Зимни баргузории озмун донишҷӯ - мусаввирони беҳтарин бо пайравӣ аз санъати волои Беҳзод накутарин лаҳзаҳои ҳастии рӯзгори фариштаи зиндагонии башарият Зан-модарро тасвир намуда, шавқмандони каломи мавзун абёти рангину пурмуҳтаворо дар шахсияти ин фариштаи хиёбони инсоният мехонданду хушсалиқадухтарон замзамаи суруди «Алла»-и модар менамуданд. Озмун бозгӯкунандаи фарҳанги волои миллӣ, инъикоскунандаи ҷаҳони маънавии миллати тоҷик буда, аз маърифати пурарзишу бою ғании тоҷикон огаҳӣ медод. 
Ғолибони озмун аз ҷониби ҳакамон маълум гардиданд ва санаи 7 март зимни баргузории чорабинии фарҳангиву фароғатӣ, ки зери унвони «Тулуи офтоби зиндагонӣ» доир мегардад, бо диплом ва туҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ қадрдонӣ мегарданд. 


Тахмина Умаралиева, раиси Шӯрои бонувону донишҷӯдухтарони донишгоҳ