Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Арҷгузории Зан-модар аз ҷониби донишҷӯёни факултети МИБ

Арҷгузории Зан-модар аз ҷониби донишҷӯёни факултети МИБ

Ба ифтихори таҷлили Рӯзи модар бо ибтикори садорати факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ рӯзи 6 марти соли равон барномаи ҷолиби фарҳангию маърифатӣ доир гардид. Онро бо сухани муқаддимавӣ декани факултет Қутбиддин Муқимов кушода, аҳли толорро бо Рӯзи модар муборакбод намуд ва дар бораи бузургии модар чанд сухан гуфт. Аз ҷумла намуд, ки модар поктарин, меҳрубонтарин ва шоистатарин инсон барои парастишу хидматгузорист. Нақши Зан-модар дар рушди тамоми соҳаҳои ҷомеа бузург аст ва махсусан дар таҳкими оила, ки ҷузви асосӣ, омили рушду маърифату кафолати суботи ҷомеа аст, азалию бунёдист. Фарзанд дар оила ҳам аз модар, ки аксаран бо ӯст, бештар маърифат мегирад ва ташаккул меёбад. З-ин рӯ, ба модар эҳтиром гузоштан қарзи ҳар як фарзанд аст, гуфт Муқимов Қ. 
Сипас барномаи ҷолиби адабию бадеӣ иборат аз рақсу суруд, саҳначаҳои маърифатӣ ва ҳаҷвӣ, ки фарогири панду андарзҳо дар ситоиши модар буд, ба тамошобинон пешкаш гардид. 
Донишҷӯён ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, ӯзбекӣ, туркманӣ, фаронсавӣ ва чинӣ модаронро муборакбод гуфтанд. 
Саҳначаи тарбиявӣ мазмуни баланд дошта, барои эҳтирому пос доштани модар омода гардида, бо маҳорати баланди актёрӣ ва бо ҳиссиёти амиқ пешкаши ҳозирин гардонида шуд, ки басо таъсиргузор буд. 
Суруди «Алла», ки нишондиҳандаи меҳру муҳаббати модар нисбати фарзанд аст, аз тарафи донишҷӯдухтар бо самимияти хос иҷро гардид. 
Дар охир Бунавша Қодирова, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии донишгоҳ ба сухан баромада, як бори дигар дар бораи манзалати Зан-модар ёдовар шуда, бонувонро бо ин ҷашн муборакбод намуд ва ба барномаи омоданамудаи донишҷӯён баҳои баланд дод. 
Ҳамин тавр, ҳамоиши фарҳангии донишҷӯёни факултети МИБ дар сатҳи олӣ ва хеле ҷолиб ба анҷом пазируфт. 


Машҳура Абдуллоева