Хабарҳо
Модарон ва бонувони гиромӣ!
Ба оғози эҳёи табиат ва фасли шукуфтанҳову рустанҳо рост омадани Рӯзи Модар рамзи басо неку хуҷастаест. Дар ин рӯзҳои гарми баҳорӣ бо ихлосу самимияти хос ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи Модар муборакбод мегӯям. Бароятон тансиҳативу саодатмандӣ, бахту иқболи баланд ва шодкомию хушрӯзиҳоро хоҳонам.
Ба шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббусу дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи Модар ҷашн гирифта мешавад. Таҷлили ин рӯз ин нишони эҳтирому арҷгузорӣ ба Зан-Модар аст. Модар аз азал ва дар ҳама давру замон иззату икром ва эҳтироми хоссаро сазовор буду ҳаст. Модар азизтарин вуҷуди рӯи замин буда, зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Зан-модар ба мисли баҳори пурнакҳату муаттар таҷассумгари фардои обод буда, бо нияту орзуҳои нек фарзанди худро ба камол мерасонад ва ӯро дар роҳи хизмат ба халқу Ватан ҳидоятгар аст. Шахс нахустин дарси одамияту худшиносиро аз модар меомӯзад ва тавассути суханони пурҳикмати ӯ соҳиби маърифат мегардад. Модар арзандаи ҳама гуна эҳтиром, қадршиносӣ ва дӯстдорист, зеро ӯ меҳрубонтарин инсон барои ҳар як шахс буда, бо дилсӯзиву бахшоиш ҳамеша дастгиру пуштибони фарзанд аст.
Имрӯз модари тоҷик баробари иҷрои рисолати аслии хеш, яъне тарбияи насли наврас, инчунин, сиёсатмадору олим, омӯзгору табиб, иқтисодчиву бонкдор, соҳибкори муваффақу коршинос буда, дар рушди ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, яъне барои ободии кишвар саҳми басо арзишманд дорад. Дар замони соҳибистиқлолӣ манзалати Зан-Модар дар ҷомеа боло рафта, модарону хоҳарони азизи мо рисолати хешро дар ҳамаи соҳаҳои муҳимми хоҷагии халқ сарбаландона ба ҷо меоранд ва сазовори ҳурмату эҳтироми баланд гардидаанд. Нақши занону модарон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва таҳкими оилаҳо басо муҳиму арзишманд аст.
Боиси ифтихори мост, ки дар донишгоҳ низ аз ҳисоби бонувон омӯзгорону кормандони соҳибтаҷрибае кору фаъолияти пурсамар доранд, ки дар баланд бардоштани савияи донишу малакаи ҷавонон саҳми арзанда мегузоранд. Мо бо бонувон ва донишҷӯдухтарони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ифтихор дорем.
Ин рӯзи зебо, яъне Рӯзи Модарро барои тамоми модарону бонувони арҷманд аз самими қалб табрик гуфта, беҳтарин таманниётро барояшон ирсол дошта, хостори сарбаландиву хонаободии онҳоям.
Ректори ДДМИТ Шукрулло Хайрзода