Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Тараннуми меҳри Модар – фариштаи зиндагӣ

Тараннуми меҳри Модар – фариштаи зиндагӣ

Рӯзи 7 марти соли равон ба ифтихори Рӯзи Модар дар донишгоҳ чорабинии бошукуҳи фарҳангию маърифатӣ бо иштироки бонувон баргузор гардид. 
Дар аввал ғолибони озмуни «Истеъдод», ки чанде қабл баргузор гардида буд, баромад карда, истеъдоди хешро намоиш доданд. Чаманоро Бобоева, донишҷӯи курси 2, факултети молия ва қарз ғолиби номинатсияи «Қироати беҳтарини шеър» шеъри «Модар фаришта буд»-и Озар Салимро бо маҳорати баланд қироат намуд, Лола Атомамадова, магистранти курси 1 дар номинатсияи «Суруди «Алла»» ба забонҳои вахонӣ ва тоҷикӣ суруди «Алла»-ро хеле хуш суруд. Рассоми беҳтарин – Фаррух Қличев, донишҷӯи курси 1, факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт расми модарро дар назди ҳозирин рӯи коғаз овард. 
Сипас бо сухани табрикотӣ ректори донишгоҳ Шукрулло Хайрзода баромад карда, тамоми бонувону модаронро бо Рӯзи Модар муборакбод намуд. Мавсуф бо ҳиссиёти баланд ва самимияти беандоза дар бораи бузургии Модар сухан гуфт. Ректор, аз ҷумла иброз дошт, ки барои инсон аз ҳама шахси азизтарин ин Модар аст ва меҳру муҳаббати ӯ ивазнашаванда буда, бемисл мебошад. 
8mart400.jpgВоқеан ҳам, имрӯз манзалату ҷойгоҳи Зан-модари тоҷик ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеа боло рафтааст. Занон дар тамоми соҳаҳо кору фаъолияти пурсамар доранд. Хушбахтона, дар ДДМИТ низ 266 нафар зан фаъолият менамоянд, ки аз инҳо 4 нафар доктори илм, профессор, 32 нафар номзади илм, 66 нафар корманди хоҷагӣ ва боқимонда муаллими калону ассистентон мебошанд. Саҳми олимаҳои донишгоҳ дар рушди иқтисод басо назаррас буда, эшон бо корҳои илмию тадқиқотӣ ва китобу монографияҳои худ муаррифгари таълимгоҳ мебошанд, гуфт ректор. 
Сипас бо ҳиссиёти баланд ривояти тарбиявиеро дар бораи носипосии фарзанд мисол овард ва ҳамчун нишони арҷгузориву эҳтиром аз андарзҳои бузургони олам чанд намунаеро овард, ки басо таъсирбахшу гуворо буд. 
Дар идомаи чорабинӣ ба якчанд нафар занони фаъол – Аслонова Наргис, профессори кафедраи забони тоҷикӣ, Илчибекова Маҳина, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва Нурова Илолбӣ, мудири шуъбаи умумӣ барои комёбиҳо ва фаъолияти бенуқсон дар таълиму тарбияи насли наврас ба муносибати Рӯзи модар Ифтихорнома супорида шуд. Ҳамзамон ба ғолибони озмуни «Истеъдод» якдонагӣ планшет ва Диплом тақдим гардид. 
Барномаи консертии омоданамудаи ансамбли «Ҷавонӣ» иборат аз шеъру суруд дар бораи бузургии модар ва бозгӯи меҳру муҳаббати фарзанд нисбат ба ин фариштаи заминӣ буд. Барномаи консертиро баромади Қамбарова София, Қурбонова Шоира, Зуҳраи Муҳаммадориф, Ғайбуллозода Муниса ва саҳначаҳои ҳаҷвӣ таровати дигар бахшид.


Машҳура Абдуллоева