Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Нуриддинов С. рисолаи номзадӣ ҳимоя кард

Нуриддинов С. рисолаи номзадӣ ҳимоя кард

Ҳар дафъае, ки омӯзгорону муҳаққиқони ҷавони донишгоҳ рисолаи илмӣ ҳимоя мекунанд, ин нишонаи пешравии самти илми донишгоҳ аст. Боиси ифтихору сарфарозист, ки рӯз ба рӯз сафи номзадони илм дар донишгоҳ меафзояд. Ин навбат Нуриддинов Сунатулло Зубайдуллоевич, устоди кафедраи иқтисоди ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалӣ бомуваффақият рисолаи номзадияшро дифоъ намуд. Нуриддинов С. рӯзи 28 феврали соли равон дар Шӯрои диссертатсионии байнидавлатии К 08.17.564 назди Донишгоҳи байналмилалии ба номи К. Ш. Токтомаматов, Донишгоҳи давлатии Ош ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Хусусиятҳои минтақавии ташаккул ва рушди бахши хусусӣ дар хоҷагии қишлоқ» аз рӯи ихтисоси 08.00.05 – иқтисодиёт ва идораи хоҷагии халқ (иқтисодиёти минтақавӣ) зери роҳбарии Омурзаков Сатибалди Ашимович, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор ҳимоя кард. 


Мо устод С. Нуриддиновро бо ин дастоварди илмӣ муборакбод намуда, ба фаъолияти минбаъдаи илмию педагогиаш комёбиҳои навинро таманно дорем.