Хабарҳо
Ҳашари умумӣ дар ДДМИТ
Бо мақсади иҷрои мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон №09/2-91 аз 5 марти соли 2019 барои ба роҳ мондани корҳои ободонӣ ва кабудизоркунии заминҳои агробиологӣ ва технопарки назди муассиса ҷиҳати шинонидани дарахтони мевадиҳандаю ороишӣ, гулу буттаҳо ва ба тартиб даровардани онҳо ва тозаву озода гардонидани кӯчаю хиёбон ва гирду атрофи биноҳои таълимию хобгоҳҳои донишҷӯён дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон рӯзи 10 март ҳашари умумӣ доир гардид.
Дар шанбегӣ кормандони хоҷагидорӣ ва устодону кормандони донишгоҳ дар умум, зиёда аз 500 нафар аз соати 800-и субҳ сар карда, то соати 1200 аз даромадгоҳи кӯчаи Нахимов ба самти донишгоҳ то ҳудуди собиқ Мошинбозор, кӯчаи Нахимов 64/14 бо гузаргоҳҳояш ва гирду атрофи Мактаб-интернати рақами 1 барои ятимони шаҳри Душанбе ва тамоми ҳудуди дохили донишгоҳро тоза карданд. Ҳамчунин заминҳои наздиҳавлигӣ, бехи дарахту буттаҳои биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳои донишҷӯён мулоим карда, ҷӯйборҳои обгузар аз партовҳо тоза карда шуда, дарахтони сершохи хушкшудаи гирду атрофи донишгоҳ кӯтоҳ ва бурида шуданд.
Инчунин, кормандони раёсати хоҷагидорӣ дар дохили биноҳои таълимӣ ва биноҳои хобгоҳҳо корҳои тозаву ободонӣ, ба монанди рӯбучини баргҳои хушки дарахтон, шустани роҳравҳо, дару тирезаҳои биноҳои таълимӣ, хобгоҳҳо ва бартараф намудани чангу ғуборро ба анҷом расониданд.
Ёдовар бояд шуд, ки гузаронидани ин қабил шанбегиҳо ҳар ҳафта то охири моҳ идома меёбанд.
Н.Раҳимзода