Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Боздиди донишҷӯён аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ

Боздиди донишҷӯён аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ

Бо ибтикори раёсати корҳои тарбиявии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар доираи силсила чорабиниҳои умумидонишгоҳӣ бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар донишгоҳ аксияи сайёҳӣ зери унвони «Ҷавонон-дӯстӣ бидуни маҳдудият» роҳандозӣ гардид. Нахустин шуда, дар доираи ҳамин аксия санаи 10 марти соли 2019 бахши хобгоҳҳои раёсати корҳои тарбиявӣ боздиди донишҷӯёни дар хобгоҳҳои донишгоҳ истиқоматкунандаро ба шаҳри Ҳисор ва Қалъаи Ҳисор, ки бозгӯкунандаи таърихи куҳан ва фарҳанги бойи ниёгони миллати тоҷик мебошад, сафарбар намуд. Дар доираи ин сафар беш аз 50 нафар фаро гирифта шуданд. Боздиди донишҷӯён аз Қалъаи Ҳисор ба шабу рӯзе рост меояд, ки шавқмандони фарҳанги болои наврӯзӣ ҷашни байналмилалии Наврӯз 2019-ро таҷлил менамоянд. 
Бояд гуфт, ки ҳадаф аз роҳандозии иқдоми мазкур ташаккули ҷаҳонбинии фарҳангиву маънавии ҷавонон, баланд бардоштани худшиносиву худогоҳии миллӣ, шиносоӣ ба мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар дониста мешавад. Иқдоми мазкур ба таври ҳамешагӣ роҳандозӣ гардида, дар ҷараёни он донишҷӯён ба шаҳру ноҳияҳои кишвар сафарбар мегарданд.