Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ташрифи олимони ӯзбек ба ДДМИТ

Ташрифи олимони ӯзбек ба ДДМИТ

Рӯзҳои 11-12 марти соли равон чанд нафар омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Термизи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ташриф оварданд. Инҳо Гадошоев Маҳмуд Абдураҳмонович, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, декани факултети иқтисод ва туризм, Авазов Эргаш Хидирбердиевич, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири кафедраи молия ва Атомуродов Шавкат Нусратуллоевич, доктор PhD, муаллими калони кафедраи иқтисодиёт мебошанд. Онҳо сараввал бо ректори ДДМИТ Шукрулло Хайрзода вохӯрда, барои тақвияти ҳамкориҳо байни ин ду донишгоҳи бонуфузи кишварҳои ҳамсоя бо ҳам ба созиш омаданд ва ба ҳамдигар бо туҳфаҳо тақдим доштанд. 
Тақвият ва густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва ба роҳ мондани барномаи мубодилаи донишҷӯёну омӯзгорон мавриди баррасӣ қарор гирифт. 


Омӯзгорони мазкур ба донишҷӯёни факултети иқтисод ва бизнес лексия хонданд.