Хабарҳо
Бозори пул ва сармоя дар Тоҷикистон ва истифодаи таҷрибаи хориҷӣ
Бозори сармояи Тоҷикистон дар марҳилаи рушд қарор дошта, имконият ва фурсат медиҳад, ки мутахассисони кордони соҳавиро омода созем. Зеро он бозори муътамад ва сарчашмаи маблағгузорӣ ба иқтисодиёти кишвар гашта, барои рушди устувор ва муқовиматпазири он мусоидат менамояд. Аз ин ҷост, ки солҳои охир таваҷҷуҳи институтҳои байналмилалии молиявӣ ба вазъи рушди кунунии бозори коғазҳои қиматнок дар кишвар афзуда истодааст.
12-уми марти соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва бо ҳамбастагии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд семинари амалӣ таҳти унвони «Ташаккул ва инкишофи бозори пул ва бозори сармоя дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: замина, тамоюл ва дурнамои истифодаи таҷрибаи хориҷӣ» баргузор гардид. Дар кори семинар коршиносони соҳа аз дохил ва хориҷи кишвар иштирок ва баромад намуданд.
Инчунин, дар семинар Маҷиди Юсуф, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Салимзода З.Х., сардори Сарраёсати қарзи давлатӣ ва ҷалби сармоягузории давлатии, Айтен Рустамова, роҳбари намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон, Фернандо Гонсалес, намояндаи Департамент оид ба дастгирии истифодаи асъори миллӣ ва рушди бозори сармоявӣ аз бонки БАТР, Баҳодур Юсупов, масъули кор бо институтҳои молиявии намояндагии БАТР дар Тоҷикистон, Яромир Хурник, мушовири БАТР, Нигина Қурбоналиева, иҷрокунандаи вазифаи сардори Департаменти сиёсати монетарӣ, тадқиқотӣ ва рушди Бонки миллии Тоҷикистон, Мирҳаёт Яқубов, сардори Идораи амалиёт дар бозори озоди БМТ, Фурқат Элов ва дигар мутахассисони соҳа аз Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶСК «Биржаи фондии Осиёи Марказӣ», БДА ҶТ «Амонатбонк», Хазинаи байналмилалии асъор, ҶСК «Бонки Эсхата» ва коршиносони дигар иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар рафти маърӯзаҳо вазъи кунунии бозори коғазҳои қиматнок дар кишвар, танзими бозори мазкур, санаду меъёрҳои соҳавӣ ва хариду фурӯши он, рушд ва ташаккули бозори пулу сармоя дар ҷумҳурӣ, ислоҳот дар самти пешгирии беқурбшавии асъор, беҳтарсозӣ ва комилгардонии сиёсати монетарӣ, таъсири рушди бозори коғазҳои қиматнок ба бонкҳо, саҳми бахши хусусӣ дар ин раванд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар семинар муовини ректор оид ба илми ДДМИТ Баҳром Сафаров музокира намуда, вобаста ба мушкилот ва пешбурди соҳа пешниҳод ва ақидаронӣ кард. Пас аз анҷоми баромадҳо иштирокчиён ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Шурӯъ аз оғози фаъолияти худ БАТР дар кишвари мо лоиҳаҳои гуногунро дар ҳаҷми беш аз 600 миллион евро сармоягузорӣ кардааст, ки он дар 120 лоиҳа дар бахшҳои мухталифи иқтисодиёти кишвар таҷассум ёфтаанд. Мавриди зикр аст, ки аз ин 32%-ро маҳз сармоягузорӣ ба бахши молиявӣ ва дастгирии соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки семинари мазкур идома ёфта, дар нақша аст, ки санаи 13 март дар донишгоҳ дар робита ба ҳамин мавзӯъ бо иштироки васеи коршиносони соҳа баргузор мегардад.
Н. Раҳимзода, Н. Тӯйчизода