Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ятимон дар меҳвари таваҷҷуҳи раёсати донишгоҳ

Ятимон дар меҳвари таваҷҷуҳи раёсати донишгоҳ

Дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа, махсусан ятимони кулл яке аз масъалаҳои калидии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ки бунёдгузори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар доираи таваҷҷуҳи ғамхоронаву падаронаи Пешвои миллат нисбат ба ятимони кулл имрӯз, 12 марти соли 2019 дар арафаи таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз ба донишҷӯёни ятими кулл, ки дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон таҳсил менамоянд, кумакҳои молиявӣ расонида шуд. Бояд гуфт, ки дар ин муассисаи олии таълимӣ 32 нафар донишҷӯи ятими кулл таҳсил менамоянд, ки онҳо ба таври ҳамешагӣ мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти донишгоҳ қарор доранд. 
Зимни супоридани маблағҳои пулӣ ба донишҷӯёни ятими кулл Ҷурахон Шарипов-раиси Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи устодону донишҷӯёни донишгоҳ баён намуд, ки раёсати ДДМИТ дар партави сиёсати созандаву иҷтимоии Пешвои миллат барои ҳамешагӣ дастгирии шуморо аз мавзӯъҳои асосии фаъолияти худ қарор дода, дар оянда низ нисбати ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир хоҳад намуд. 


Фаридун Саидов-сардори шуъбаи кор бо ҷавонон