Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Баррасии муаммоҳои бозори сармоя дар кишвар

Баррасии муаммоҳои бозори сармоя дар кишвар

13-уми марти соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо иштироки мутахассисон аз Бонки миллии Тоҷикистон, Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон семинари кушоди лексионӣ таҳти унвони «Ташаккул ва инкишофи бозори пул ва бозори сармоя дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: замина, тамоюл ва дурнамои истифодаи таҷрибаи хориҷӣ» баргузор гардид. 
Семинарро ректори донишгоҳ Шукрулло Хайрзода ифтитоҳ намуда, мутахассисон, меҳмонон ва донишҷӯён хайрамақдам гуфт. Зимни суханронӣ Ш.Хайрзода вобаста ба мавзӯи баррасишаванда ибрози ақида намуда, баргузории чунин семинару конфронсҳоро бо иштироки мутахассисони дохиливу хориҷӣ муҳим арзёбӣ кард. 
Дар кори семинар Айтен Рустамова, роҳбари намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон дар мавзӯи «Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд», Фернандо Гонсалес, намояндаи Департамент оид ба дастгирии истифодаи асъори миллӣ ва рушди бозори сармоявӣ аз бонки БАТР дар мавзӯи «Ташаккул ва инкишофи бозори пул ва бозори сармоя», Яромир Хурник, мушовири БАТР дар мавзӯи «Ислоҳоти сиёсати монетарӣ дар самти дастгирии пул ва бозори сармоя», Нигина Қурбоналиева, иҷрокунандаи вазифаи сардори Департаменти сиёсати монетарӣ, тадқиқотӣ ва рушди Бонки миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Сиёсати пулию қарзӣ» баромад намуданд. 
Дар рафти маърӯза Айтен Рустамова вобаста ба кори Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд аз марҳилаи ташкил то имрӯз ва татбиқи лоиҳаҳои бонкро дар Тоҷикистон ва нақшаҳои оянда маълумот дод. Сипас Фернандо Гонсалес оид ба татбиқи лоиҳаҳои бонк дар Тоҷикистон, ки дар бахшҳои гунонгун суханронӣ намуда, вобаста ба мушкилоти ҷойдоштаи соҳаи бонкдорӣ ва сиёсати молиявии кишвар нуктаҳои муҳимро қайд кард. Дар баробари ин нақши Вазорати молия ва Бонки миллии Тоҷикистонро дар ба танзим даровардан ва дар мувозинат қарор додани сиёсати молиявӣ муҳим донист. Инчунин Ф.Гонсалес истифодаи таҷрибаи бонкҳои ҷаҳониро дар татбиқи ҷорӣ намудани низоми муътадил ва ягонаи молиявӣ пешниҳод дошт. 
Баъдан Яромир Хурник вобаста ба ислоҳоти сиёсати монетарӣ дар самти дастгирии сиёсати пулӣ ва бозори сармоя баромад намуда, мушкилот ва роҳҳои ҳалли масъаларо баррасӣ кард. Номбурда зимни баромад иброз дошт, ки ба таври муътадил нигоҳ доштани бозори сармоя вазифаи аввалиндараҷаи давлат ба ҳисоб меравад. Инчунин баҳри пешгирии нобаробарии бозори пул ва сармоя пешниҳодҳои муфид кард. 
Нигина Қурбоналиева дар идомаи семинар оид ба вазъи кунунии сиёсати пулию молиявии Бонки миллии Тоҷикистон маърӯза намуд. Зимни баромад Н.Қурбоналиева оид ба фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ, таваррум ва намудҳои қарз маълумот дода, нишондиҳандаҳои солҳои 90-ум асри гузаштаро дар муқоиса ба солҳои охир муқоиса карда, хулосабарорӣ кард. Дар идома Мирҳаёт Яқубов, сардори Идораи амалиёт дар бозори озоди БМТ оид ба вазъи кунунии қарзҳои бонк ва намудҳои он ба ҳозирин маълумоти васеъ дода, дар ин радиф ба суолҳо посухҳои мушаххас дод. 
Инчунин зимни баргузории семинар вазъи кунунии бозори коғазҳои қиматнок дар кишвар, танзими бозори мазкур, санаду меъёрҳои соҳавӣ ва хариду фурӯши он, рушд ва ташаккули бозори пулу сармоя дар ҷумҳурӣ, ислоҳот дар самти пешгирии беқурбшавии асъор, беҳтарсозӣ ва комилгардонии сиёсати монетарӣ, таъсири рушди бозори коғазҳои қиматнок ба бонкҳо, саҳми бахши хусусӣ дар ин раванд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 
Дар музокира ва саволу ҷавоб устодону донишҷӯёни донишгоҳҳои меҳмон ва коршиносон ба суолҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.




 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg
 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg

 
Н. Раҳимзода