Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Андешидани тадбирҳо ҷиҳати беҳбудбахшии кумакҳои равониву иҷтимоӣ ба кӯдакон

Андешидани тадбирҳо ҷиҳати беҳбудбахшии кумакҳои равониву иҷтимоӣ ба кӯдакон

Дар доираи ҳамин мавзӯъ аз 12 то 17 марти соли 2019 бо сарпарастии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо ташкилоти байналмилалии ЮНИСЕФ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон семинар-машварат баргузор мегардад. Семинари мазкур имрӯз оғоз гардида, дар он доираи васеи мутахассисони соҳаи равоншинос ӣва кор бо кӯдакону наврасон ширкат варзиданд. Семинари мазкур хусусияти омӯзишиву машваратӣ дошта, дар он мавзӯъҳое ба монанди мусоидат дар раванди аз байн бурдани стресс, кумакҳои равонӣ ба кӯдакони дорои майл ба рафторҳои суитсидӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд. 
Ҳадаф аз роҳандозии ин иқдом ташаккули касбияти мутахассисон - равоншиносон бобати мусоидат дар раванди аз байн бурдани мушкилоти равонии кӯдакону наврасон мебошад. 


Раҷабов Мақсуд-мутахассиси раёсати корҳои тарбиявӣ