Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Нақши Пешвои миллат дар муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ

Нақши Пешвои миллат дар муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ

Бо ҳамин мазмун 14 марти соли 2019 бо ибтикори раёсати корҳои тарбияи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо маҳфили "Пайравони Пешвои миллат"-и назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳ мизи мудаввар доир гардид. 
Дар чорабинии мазкур Маҳинабону Шарифова, роҳбари маҳфили "Пайравони Пешвои миллат", Абдукарим Қурбонов, намояндаи Кумитаи рушди сайёҳӣ, Таҳмина Умаралиева, раиси Шӯрои бонувону донишҷӯдухтарони ДДМИТ ширкату суханронӣ намуданд. 
Инчунин, дар мизи мудаввар мутахассисони соҳаи сайёҳӣ, фаъолони намояндагии маҳфили "Пайравони Пешвои миллат" аз шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок доштанд. 
Иқдоми мазкур дар доираи эълон гардидани солҳои ‎2019-2021 ҳамчун «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» роҳандозӣ гардида, дар он муҳимтарин масъалаҳои вобаста ба соҳа пайгириву баррасӣ карда шуданд. 


Худойдод Холмуродов, мутахассиси раёсати корҳои тарбиявӣ