Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Нақши рекламаи беруна дар пешрафти фаъолият

Нақши рекламаи беруна дар пешрафти фаъолият

Санаи 13 марти соли равон дар кафедраи суғуртаи факултети иқтисод ва бизнес маҳфили илмии донишҷӯён дар мавзӯи «Нақши рекламаи беруна дар пешрафти кору хизматрасонӣ» баргузор гардид. Дар маҳфил донишҷӯи курси 2, ихтисоси кори реклама Бобоҷон Шокиров дар мавзӯи «Нақши рекламаи беруна дар пешрафти кору хизматрасонӣ» баромад намуд. 
Зимни баргузории маҳфил оид ба реклама ва нақши он дар пешрафти кору хизматрасонӣ маълумот дода шуд. Гуфта шуд, ки реклама индикатори асосӣ барои кору фаъолияти ҳамаи намуди хизматрасонӣ ва истеҳсолӣ мебошад. Инчунин реклама ин алоқа байни харидор ва фурӯшанда мебошад. Рекламаи берунӣ дар баробари дигар намудҳои реклама барои ҳаракати молу хадамот нақши муайян дорад. Аммо имконияти рекламаи берунӣ маҳдуд буда, он бояд дар лаҳзаҳои кӯтоҳтарин аз тарафи одамони роҳгузар қабул карда шавад. 
Дар анҷом музокира ва саволу ҷавоб сурат гирифт. 


Умар Шарипов, роҳбари МИД дар кафедра