Хабарҳо
Базми наврӯзии ДДМИТ
Рӯзи 16 март дар донишгоҳ иди байналмилалии Наврӯз бо иштироки донишҷӯёну устодон ва кормандон ва як қатор меҳмонон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.
Дар базми наврӯзӣ устодону донишҷӯёни шаш факултет ва шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ озмуни наврӯзӣ ташкил намуданд, ки аз ороиши дастархони наврӯзии «ҳафт син», «ҳафт шин» ва «ҳафт мим» ва арҷгузориву эҳёи анъанаҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, омодасозии таомҳои миллии наврӯзӣ, намоиши либосҳои миллӣ ва намоиши арӯсу домодҳои минтақаҳои гуногуни кишвар иборат буд. Ҳар як факултет гӯшаҳои махсус ташкил намуданд, ки хеле ҷолибу диданӣ буд ва намояндагони ҳар як факултет бо пешниҳоди анъанаҳои неки ин иди ориёӣ аз якдигар монданӣ надоштанд. Раёсати донишгоҳ ва ҳайати ҳакамон намоиши наврӯзии факултетҳоро аз ҷиҳати мазмун, мундариҷа, муаррифӣ ва иштироки донишҷӯёни он дида, баҳогузорӣ карданд.
Бояд гуфт, ки гӯшаи наврӯзии ҳар як факултет бо махсусияту навоварӣ ва ҷолибии худ аз дигарӣ фарқ дошт. Масалан, донишҷӯёни факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ саҳначае дошт, ки бозгӯ аз мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон ва ташрифи сайёҳи хориҷӣ ва муаррифии киишвар ба забони англисӣ буд. Дар гӯшаи наврӯзии факултети ҳисобдорӣ ва омор намоиши кори заргарӣ аз тарафи донишҷӯ, ташкили мусобиқаи бандкашӣ ва гӯштини миллӣ байни устодони факултет, намоиши хурӯсҷанг, бадеҳахонӣ ва арғунчакбозии духтарон басо ҷолибу табиӣ ва диданӣ буд. Донишҷӯёни факултети иқтисод ва бизнес бошад, ҳайати ҳакамонро бо рақси мардона пешвоз гирифтанд ва бо фалаксароии устод Муродалӣ Маҳимов гусел карданд.
Тарзи ороиш ва пешвозгирии донишҷӯёни факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ фарқкунанда буд ва бо масхарабозу бо табрикоти кӯдакони хурдсол пешвоз гирифтанд ва бо гузаштани ҳафт чодари гулдӯзӣ ба базми наврӯзии факултет ворид шудан мумкин буд. Чун дар факултет донишҷӯёни хориҷӣ таҳсил мекунанд, гӯшаҳои махсуси мардуми туркман ва халқи бародари ӯзбек ташкил карда шуда, ҳама ба забони модарии худ табрик ва аз хусусиятҳои хоси наврӯзи маҳали худ сухан гуфтанд. Донишҷӯёни туркман рақси туркманиро бо маҳорати баланд иҷро намуданд. Донишҷӯёни ӯзбек бошад, дастархони дорои таомҳои миллии худро муаррифӣ карданд.
Сипас гулбазм доир гардида, ҷавонон ба духтарон бо тақдими гул ва ифшои шеър базмро ҷилои дигар бахшиданд. Ҳамзамон маросими саршӯён, ки русуми қадимист, намоиш дода шуд. Дар базм духтарон ба забони англисӣ меҳмононро хайра мақдам гуфта, дойразаниву сурудхонӣ мекарданд. Метавон гуфт, ки ин базм воқеан, таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ буд.
Намоишгоҳи донишҷӯёни факултети молия ва қарз ҳам хеле ҷолиб буд. Ба шаҳрчаи қадимӣ, ки бо афсарон ҳимоя карда мешуд, ворид шуда, кас худро дар даври қадим ҳис мекард. Дар тахт шоҳ Ҷамшед нишаста, оғози фасли шукуфтанҳоро ба ҳамагон муборакбод мегуфт ва ба муносибати Рӯзи нав асиронро озод намуд. Ситорашинос пешгӯӣ карда, ояндаи Тоҷикистонро дар татбиқи лоиҳаҳо ва ҳадафҳои нав неку мунаввар арзёбӣ кард. Махсусияти дигари намоишгоҳ ин пешниҳоди ангора ва рамзи наврӯзӣ аз меваю сабзавот ва сабзаи наврустаи гандум буд, ки басо рамзӣ ва ҷолиб пешниҳод гардид. Дар тарафи дигари намоишгоҳ намунаи ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили заргарӣ, кандакорӣ гулдӯзӣ, намадрезӣ, ресмонресӣ, оҳангарӣ ва аз ҳама аҷиб нонпазӣ нишон дода шуд. Донишҷӯдухтар дар танӯри гарм кулча баста, ба ҳамагон тақсим мекард.
Магистрантон бо суруду тарона меҳмононро пешвоз гирифта, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва гӯшаи бозёфтҳои таърихиро нишон доданд. Дастархони наврӯзӣ бо анвои хӯрданӣ иборат аз 7 сину 7 шин ва 7 мим оро дода шуда буд.
Устодону донишҷӯёни факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт бошад, меҳмононро бо нону намак ва пешниҳоди хӯрокҳои миллӣ пешвоз гирифтанд. Яке аз махсусиятҳои намоиш ин суманакпазии духтарон буд, ки яке аз русумҳои наврӯзист.
Умуман, ҳамаи факултетҳо ва шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ дар омоданамоии базми наврӯзӣ басо заҳмат кашида, тамоми маҳорату санъати худро нишон доданд.
Ҳамин тавр, базми наврӯзӣ дар варзишгоҳи донишгоҳ идома ёфт. Онро бо сухани табрикотӣ ректори таълимгоҳ Шукрулло Хайрзода ифтитоҳ карда, ҳозиринро бо фарорасии Наврӯзи хуҷастапай шодбош гуфт. Ӯ дар бораи фазилатҳои беҳтарини Наврӯз, ҷаҳонишавӣ ва дар кишварҳои дунё бо шукӯҳ ҷашнгирии он, эҳёи суннатҳои волои ниёгон ёдовар шуда, аз ҷумла қайд намуд, ки Наврӯз айёми дӯстиву ваҳдат эҳсону сахо буда, бо самимияти хоса истиқбол гирифта мешавад. Дар ин рӯз тамоми одамон на танҳо хонаву дар ва ашёи рӯзгорашонро тозаву озода менамоянд, балки қалбу ботини худро аз кинаву адоват ва хушунату бадбинӣ тоза мекунанд. Наврӯз ҷашни оғози эҳёст ва бошад, ки Наврӯзи имсола ҳам оғози эҳёи андешаи миллӣ гардад. Иттиҳоду ваҳдати моро мустаҳкам созад, дар роҳи эҷоду бунёд ба мо неруву тавон бахшад, таманно намуд, дар охир ректор.
Дар идома ба якчанд нафар устодону кормандон, ба монанди Саъдулло Носиров, сардори шуъбаи табъу нашр, Раҷабалӣ Холбобоев, сардори шуъбаи мониторинг ва сифати таҳсилот, Қутбия Ҳомидова, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва Ҷамшед Калаков, сардори шуъбаи бехатарии донишгоҳ барои меҳнати софдилона ва хизматҳои шоён дар самти таълиму тарбияи насли наврас ва омода намудани мутахассисони баландихтисос бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз Ифтихорномаи донишгоҳ ва дигар сохторҳо супорида шуд. Дар ин баробар ба донишҷӯён – ғолибони озмуни “Ҷоми Академияи илмҳои ҶТ” Файзов А., Додихудоев П., Қамбарова С., Маҳмадалиев С. Диплом ва Ифтихорномаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъи тантанавӣ тақдим гардид.
Дар қисмати бадеӣ сурудҳои дилнавози лирикӣ, ҳаҷвӣ ва бадеҳахонии истеъдодҳои ҷавон ва рақсҳои мавзуни духтарон ва сурудҳои лирикии Ҷӯрамуроди Муҳаммадназар ба базми наврӯзӣ шаҳомати дигар ва ба дилҳо фараҳу шодӣ овард. Ин ҷо баромади ҳаҷвнигоронро махсусан қайд намудан бамаврид аст, ки саҳначаҳои ҳаҷвии аз ҳаёти воқеӣ омодашударо бо маҳорати хоси актёрӣ иҷро намуда, дили бинандагонро ба ваҷд оварданд. Ҳамчунин суруди “Баҳория” дар иҷрои Акрам Мирзоев, котиби раёсати таълими донишгоҳ басо дилчаспу бо маҳорати баланд иҷро гардид.
Ҳамин тавр, базми наврӯзии донишгоҳ баёнгари худшиносӣ ва эҳёи суннатҳои миллӣ, ваҳдати комил ва фарҳангпарварии иштирокчиёни он буд.
Машҳура Абдуллоева