Хабарҳо
Шанбегӣ баҳри вусъати корҳои ободонӣ
Баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни байналмилалии Наврӯз ва вусъати корҳои ободониву кабудизоркунӣ дар ДДМИТ санаи 17-уми марти соли ҷорӣ шанбегӣ ташкил карда шуд.
Шанбегӣ, тавре пештар хабар дода будем, бо мақсади иҷрои мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон №09/2-91 аз 5 марти соли 2019 барои ба роҳ мондани корҳои ободонӣ ва кабудизоркунии заминҳои агробиологӣ ва технопарки назди муассиса ҷиҳати шинонидани дарахтони мевадиҳандаю ороишӣ, гулу буттаҳо ва ба тартиб даровардани онҳо ва тозаву озода гардонидани кӯчаю хиёбон ва гирду атрофи биноҳои таълимию хобгоҳҳои донишҷӯён дар донишгоҳ сурат гирифт. Дар шанбегӣ кормандони хоҷагидорӣ ва устодону кормандони донишгоҳ дар умум, зиёда аз 400 нафар аз субҳ сар карда, то нимаи дуюми рӯз аз даромадгоҳи кӯчаи Нахимов ба самти донишгоҳ кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои ҳудуди донишгоҳро тоза карданд. Ҳамчунин, заминҳои назди биноҳо, бехи дарахту буттаҳои биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳои донишҷӯён мулоим карда, ҷӯйборҳои обгузар аз партовҳо тоза ва дарахтони сершохи хушкшудаи гирду атрофи донишгоҳ кӯтоҳ ва бурида шуданд. Дар баробари устодону кормандон ҳамзамон кормандони раёсати хоҷагидорӣ дар дохили биноҳои таълимӣ ва биноҳои хобгоҳҳо корҳои тозаву ободонӣ, ба монанди рӯбучини баргҳои хушки дарахтон, шустани роҳравҳо, дару тирезаҳои биноҳои таълимӣ, хобгоҳҳо ва бартараф намудани чангу ғуборро ба анҷом расониданд.
Ҳамин тавр, пайваста дар таълимгоҳ барои ободу зебо ва кабудизоркунӣ ва хуррамгардонии саҳн ва гирду атрофи он дар корҳои ободонӣ бовусъат идома дошта, дар он ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён фаъолона ширкат мекунанд.
Н. Раҳимзода