Хабарҳо
НАВРӮЗИ ФАРХУНДАПАЙ МУБОРАК!
Омад-омади Наврӯзи хуҷастапайро ба аҳли омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни азиз сидқан муборакбод мегӯям. Таманнои онро дорам, ки ин баҳори сабзу тар ва меҳрпарвар ба хонадони ҳар кадоми шумо файзу баракат ва ба фаъолияту таҳсилатон пешравию бурдбориҳо оварад.
Наврӯз пайки баҳор, айёми шодию сурур, эҳёи табиату зиндагӣ, замину замон аст. Наврӯз сар то сар шукуфоӣ буда, таҷассумгари ояндаи нек бувад. Наврӯзи Аҷам ҳамагонитарин ҷашни мардумист, ки бо руҳи зиндагисоз ва ваҳдатофари хеш ҳаёти башариятро саодатманд месозад. Таҷлили тамоми идҳо аз Наврӯз сарчашма гирифта, ҷашни бо ҳам оварданҳост. Наврӯз бо ташаббусу пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон байналмилалӣ гашт ва шуҳрати ҷаҳонӣ гирифт. Тавре Пешвои муаззами мо мефармоянд, «ҷашни Наврӯз, ки зодаи хирад, андеша, ҷаҳонбинӣ ва тафаккури гузаштагони бузурги мо мебошад, дар замири худ ҷавҳари некӣ, накукорӣ, бахшишу меҳрубонӣ, покизагии руҳӣ ва ҷисмонӣ, созандагию бунёдкориро дорад». Аз ин рӯ, дар ин рӯзи нав талқин кардани дӯстӣ, меҳрубонӣ, хайрхоҳӣ, покӣ, софдилӣ, меҳнатдӯстӣ, ободкорӣ ин рисолати наврӯзист. Маҳз ҳамин моҳияти инсонӣ ва ваҳдатгароии Наврӯз омили аслии мондагорӣ ва ҷаҳонишавии ин ҷашни хуҷаста буда, пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек ҷавҳари он аст.
Андешае дар мардуми маъмул аст, ки ҳар хонадоне, ки ин ҷашнро бе кинаву ғурур, бо нияти некӣ ва бахшоиш, сахову сурур гузаронад, тамоми сол дар сиҳативу серӣ ва хуррамиву осудагӣ қарор мегирад.
Аҳли коллективи устодону донишҷӯёни таълимгоҳ низ ин хуррамбаҳори Наврӯзӣ, иди аҷдодии худро сазовор пешвоз гирифта, барои муваффақияту навгониҳои минбаъда заминаи мусоид мегузоранд.
Наврӯзи ҷаҳон ҷашни покиву зебоӣ ва ҷашни оғози эҳёст ва бошад, ки Наврӯзи имсола ҳам оғози комёбиҳои мо гардад. Иттиҳоду ваҳдати моро мустаҳкам созад, дар роҳи эҷоду бунёд ба мо неруву тавон бахшад.
Ҷашни қадаммубораки Наврӯз мужда дод,
К-имсол тоза аз паи ҳам фатҳҳо шавад.
Ректори ДДМИТ Хайрзода Ш.Қ.