Хабарҳо
Таҳкими робитаҳо ба Академияи молиявии Қазоқистон
Баҳри таҳким ва тавсеаи робитаҳо ва дурнамои ҳамкориҳои минбаъда санаи 27-уми марти соли ҷорӣ ба ДДМИТ мушовири Президенти Академияи молиявии Вазорати молияи Ҷумҳурии Қазоқистон Раздольская Елена Александровна ташриф овард. Елена Александровна дар асоси ёддошти тафоҳум байни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии «Академияи молия» аз санаи 27 то 29 март бо мақсади таҳкими робитаҳо ва муҳокимаи ҳамкориҳои минбаъда дар донишгоҳ хоҳад буд.
Имрӯз вохӯрии Елена Александровна бо ректори донишгоҳ Шукрулло Хайрзода сурат гирифт. Дар ҷараёни мулоқоти ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳо ва таҳкими робитаҳои Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо Ҷамъияти саҳомии «Академияи молия» муҳокима гардид.
Инчунин дар нақша аст, ки Елена Александровна санаи 28-уми март ба донишҷӯёни ДДМИТ дар мавзӯи «Таҳлили молиявӣ» лексия хонад.
Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ