Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

ДДМИТ 1-сола шуд

ДДМИТ 1-сола шуд

Инак, имрӯз аз мақоми донишгоҳ гирифтани муассисаи олии таълимии мо расо як сол пур шуд. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.03.2018 таҳти №169 Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон табдил дода шуд. Ҳарчанд ин сана дар назари таърих ночиз аст, вале тӯли як сол дар донишгоҳи мо тағйироти куллии мусбӣ ба вуҷуд омад. Симои донишгоҳ рӯз то рӯз зеботар гашта, таваҷҷуҳи сокинони ҷумҳурӣ ва хориҷиён ба он бештар гашт. Аз ин ҷост, ки дар ДДМИТ беш аз 7500 нафар донишҷӯ дар зинаҳои бакалавриат, магистратура ва доктор PhD ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки наздик ба 300 нафари онҳоро донишҷӯёни хориҷӣ ташкил медиҳанд. 
Имрӯз Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба манбаи асосии омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳавӣ табдил ёфта, нуфузи бештареро касб намудааст. Дар самти илм низ комёбиҳо зиёд буда, бахусус дар самти ҳимояи рисолаҳои номзадӣ устодони мо пешсафанд. Баргузории конференсияҳои илмию амалии сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ низ шаҳодати пешравии илм ва боиси афзудани нуфузи донишгоҳ гардидааст. 
Дар самти робитаҳои байналмилалӣ бошад, ДДМИТ яке аз донишгоҳҳои пешсафи ҷумҳурист. Зеро татбиқи пурсамари лоиҳаҳои муштарак бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷӣ дар самтҳои гуногун ва аз ҷумла мубодилаи донишҷӯён ва ҷалби коршиносону олимони соҳаи молия ва иқтисод аз хориҷ ба мо ва баръакс тавсеа меёбад ва боварӣ ҳаст, ки ин анъана минбаъд низ идома хоҳад ёфт. 

 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg
 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg

Дар самти таълим низ беҳбудиҳо ба назар расида, сатҳу сифати таълим боло меравад. Барои дар амал татбиқ намудани ҳукумати электронӣ ва ҷоринамоии технологияҳои муосир тамоми шароитҳо муҳайё гардида, таҳсилоти фосилавӣ ба роҳ монда шуд. Инчунин воситаҳои техникии таълим, аз ҷумла тахтаҳои электронӣ ва моноблокҳо мавҷуданд, ки барои таъмини инноватсионии раванди таҳсилот мусоидат менамояд. 
Феълан донишгоҳ симои худро ба куллӣ дигар карда, зебою назаррабо гаштааст ва онро ҳар бинанда хуб эҳсос менамояд. Ободкорию хуррамгардонӣ дар донишгоҳ вусъати тоза гирифта, сохтмони биноҳои нав ва қоматафрозии Парчами давлатӣ дар саҳни таълимгоҳ барои пешрафти кори коллективи меҳнатӣ ва таҳсили толибилмон ва тақвияти худшиносии миллии ҷавонон такони ҷиддие мебахшад. 
Доираи интихоби ДДМИТ аз ҷониби довталабон дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола меафзояд ва он дар муқоиса бо макотиби олии дигар дар мақоми боло ҷойгир аст. Инчунин чанд сол аст, ки дар рейтинги муассисаҳои олии таълимӣ дар панҷгонаи беҳтарин ҷо мегирад. Албатта, ин ҳама аз ташаббусу кордонии роҳбарияти донишгоҳ ва заҳмату меҳнати пурсамари ҳайати профессорону устодон ва кормандон сарчашма мегирад. 
Яксолагии мақоми донишгоҳ гирифтани Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро ба кулли устодону кормандон ва донишҷӯён шодбош гуфта, боварӣ ва умед дорем, ки нуфузу эътибори ин боргоҳи илму маърифат аз ин ҳам болотар мегардад ва мутахассисони омоданамудаи он пешбарандаи иқтисодиёти кишвар хоҳанд шуд.