Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Таҳлили молиявӣ аз нигоҳи коршинос

Таҳлили молиявӣ аз нигоҳи коршинос

Санаи 28-уми марти соли ҷорӣ дар ДДМИТ семинари кушод баргузор гардид. Дар семинар мушовири Президенти Академияи молиявии Вазорати молияи Ҷумҳурии Қазоқистон Раздольская Елена Александровна дар мавзӯи «Таҳлили молиявӣ» ба устодон ва донишҷӯён лексия хонд. 
Елена Александровна зимни баромад оид ба Маркази мустақили иттилоотӣ-таҳлилии Институти шабакавии молиявии Авруосиёӣ (ЕСФИ) ва ҳадафаву мақсади институт маълумот дод. Номбурда зимни баромад иброз дошт, ки ин Марказ бо Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Россия, Донишгоҳи давлатии иқтисодии Белоруссия, Донишгоҳи славянии Россияву Арманистон, Донишгоҳи славянии Россияву Қирғизистон, Ҷамъияти саҳомии «Академияи молия»-и Вазорати молияи Ҷумҳурии Қазоқистон ва Донишгоҳи давлатии иқтисодии Санкт-Петербург ҳамкорӣ дошта, ҳадафи асосии муассисаҳо ин тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси рақобатпазири соҳаи молияю иқтисод барои бозори ягонаи ЕАЭС мебошад. 
Инчунин Елена Александровна дар баробари ин вобаста ба самтҳои муайяни фаъолияти Марказ (ЕСФИ) маълумот дода, оид ба макроиқтисодиёт, таҳлили иттилоотӣ ва мониторинг суханронӣ кард. 
Дар ҷамъбаст музокира ва саволу ҷавоб сурат гирифт. 
Ногуфта намонад, ки Елена Александровна дар асоси ёддошти тафоҳум байни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии «Академияи молия» аз санаи 22 то 29 март бо мақсади таҳкими робитаҳо ва муҳокимаи ҳамкориҳои минбаъда дар донишгоҳ ҳузур дошт. 


Н.Раҳимзода