Хабарҳо
Баррасии инкишофи неруи содиротии мамлакат
Рӯзи 30-юми марти соли ҷорӣ дар ДДМИТ бо ташаббуси кафедраи иқтисоди ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалии факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Самтҳои дурнамои сиёсати давлатии сармоягузорӣ дар татбиқи иқтидори содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Конфронсро ректори донишгоҳ Шукрулло Хайрзода ифтитоҳ намуда, пешравии илмро дар таълимгоҳ таъкид ва таъсиси Шӯрои диссертатсиониро дар назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон эълон дошт. Мавсуф баррасии масъалаи мавриди назарро муҳим дониста, гуфт, ки пешниҳодҳои илман асоснок аз натиҷаи конфронс барои тақвияти сиёсати давлатии сармоягузории кишвар ва иқтидори содиротии он бетаъсир намемонанд.
Сипас Бахтиёр Баҳриддинов, сардори идораи омори Бонки миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Нақши низоми бонкӣ дар татбиқи истифодабарии неруи содиротии кишвар» баромад кард. Ӯ вобаста ба қарзҳои бонкии ба субъектҳои хоҷагидорӣ ва соҳаҳо пешниҳодшаванда ибрози андеша карда, афзуд, ки барои беҳтар кардани неруи содиротии кишвар бояд бонкҳо меъёри фоизи миёнавазни қарзҳоро поинтар кунанд. Инчунин, мавсуф вазифаҳоро барои низоми бонкии кишвар, ки аз Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, номбар кард, ки аз зиёд намудани ҳаҷми қарз ба бахши хусусӣ, махсусан соҳаҳои истеҳсолӣ; беҳтар кардани сифати сандуқи қарзӣ ва кам кардани қарзҳои ғайрифаъол, беҳтар гардонидани сатҳи хизматрасониҳо, омода кардани мутахассисони соҳаи бонкдорӣ ва баланд бардоштани савияи дониши онҳо; вусъат бахшидани амалияи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва ғайраҳо иборат аст.
Дар баромади декани факултети менеҷменти байналмилалӣ ва маркетинги ДДТТ М. Имомназаров, ки ба мавзӯи «Мавқеи саноатикунонии иқтисодиёт дар инкишофи неруи содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида шуда буд, ҷанбаҳои пурқуввату суст ва имкониятҳои инкишофи неруи содиротии кишвар таҳлил гардиданд. Мавсуф беҳтарсозии минбаъдаи фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, афзун намудани ҳаҷм ва суръати афзоиши содироти маҳсулоти коркардшуда, инкишофи инфрасохтори хусусии дастгирӣ ва рушди содирот, бунёди кластерҳои соҳавии ба содирот нигаронидашуда ва ба ҳамин монанд, 11 тадбири дигарро аз имкониятҳои инкишофи иқтидори содиротии кишвар арзёбӣ кард.
Гуфта шуд, ки тибқи «Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» аз 20 номгӯи маҳсулоте, ки ҳамчун маҳсулоти воридотивазкунанда зиёд намудани истеҳсолашон пешбинӣ шудааст, ҳаҷми истеҳсоли 14 номгӯи маҳсулот нисбат ба солҳои қаблӣ афзудааст, ки ин аз ташкили корхонаҳои саноатӣ ва инкишофи истеҳсолот далолат мекунад ва бевосита барои амалисозии ҳадафи умумимиллӣ - саноатикунонии мамлакат нақши босазо дорад.
Баъдан, Нилуфар Ақдодова, докторанти РhD-и кафедраи иқтисоди ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалӣ дар мавзӯи «Иқтидори рушди сайёҳии кишоварзии минтақавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, вобаста ба ташкили сайёҳии кишоварзӣ дар минтақаҳои кишвар, ки дар он мавзеъҳо имконият барои рушди соҳа васеъ аст, пешниҳодҳои муфид кард.
Умуман, дар доираи конференсия масъалаҳои ҳолати муосир ва дурнамои истифодабарии неруи содиротии кишвар, зарурати ҷалби сармоягузории хориҷӣ барои истифодабарии неруи содиротӣ, сиёсати давлатии сармоягузорӣ дар рушди туризми байналхалқӣ, асосҳои ниҳодии ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба бахши содиротии кишвар, самтҳои дурнамои ҷалби сармоягузории хориҷӣ барои истифодабарии самараноки неруи содиротии мамлакат, сиёсати давлатии сармоягузорӣ дар татбиқи Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва роҳҳои беҳтарнамоии фазои сармоягузории кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Конференсия дар бахшҳои муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва масъалаҳои умумииқтисодӣ корашро идома дод.
Машҳура Абдуллоева