Хабарҳо
Баланд бардоштани маърифати молиявӣ кори зарурист
Санаи 30 марти соли ҷорӣ бо ибтикори раёсати илм ва инноватсия ва факултети молия ва қарз дар доираи ҳафтаи байналмилалии молиявӣ дар ДДМИТ семинари илмӣ-омӯзишӣ дар мавзӯи «Маърифати молиявӣ» баргузор гардид, ки дар он раиси Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон Сайисмонов Р.С., сардори раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ Хоҷаев Д.Қ. ва доираи васеи устодону донишҷӯёни факултети молия ва қарз ширкат варзиданд.
Семинарро Хоҷаев Д. ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки дар замони муосир ва рушди бемайлони муносибатҳои молиявӣ самаранок истифода бурдани захираҳои молиявию иқтисодӣ аз мутахассисон донишҳои баланди молиявиро талаб менамояд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии ҷавонон, бахусус донишҷӯён саривақтӣ буда, барои васеъ намудани доираи ҷаҳонбинии илмии мутахассисони ояндаи соҳаи молия ва иқтисод ва дар ин баробар ҷиҳати дар амал татбиқ намудани донишҳои гирифта мусоидат менамояд.
Баъдан Сайисмонов Р.С. дар мавзӯи «Маърифати молиявӣ» баромад намуда, иброз дошт, ки баланд бадоштани маърифати молиявии ҷавонон, аз ҷумла донишҷӯён метавонад дар рушди донишҳои молиявӣ, иқтисодӣ ва ҳалли муаммоҳои ҷойдошта заминагузор бошад. Дар охири семинар байни иштирокчиён ва маърӯзачӣ мубодилаи афкор ва суолу ҷавоб сурат гирифт.