Хабарҳо
Идомаи корҳои ободонӣ дар ДДМИТ
Инак ҳафтаи чаҳорум аст, ки баҳри вусъати корҳои ободониву кабудизоркунӣ дар ДДМИТ шанбегиҳо ташкил карда мешаванд.
Рӯзи 31-уми март бо мақсади иҷрои мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон №09/2-91 аз 5 марти соли 2019 барои ба роҳ мондани корҳои ободонӣ ва кабудизоркунии заминҳои агробиологӣ ва технопарки назди муассиса ҷиҳати шинонидани дарахтони мевадиҳандаю ороишӣ, гулу буттаҳо ва ба тартиб даровардани онҳо ва тозаву озода гардонидани кӯчаю хиёбон ва гирду атрофи биноҳои таълимию хобгоҳҳои донишҷӯён дар донишгоҳ шанбегӣ сурат гирифт. Дар шанбегӣ кормандони хоҷагидорӣ ва устодону кормандони донишгоҳ дар умум, зиёда аз 400 нафар аз субҳ то нимаи дуюми рӯз аз назди хобгоҳи №1 ба самти донишгоҳ кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои ҳудуди донишгоҳро тоза карданд. Ҳамчунин, заминҳои назди биноҳо, бехи дарахту буттаҳои биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳои донишҷӯён мулоим карда, ҷӯйборҳои обгузар аз партовҳо тоза ва дарахтони сершохи хушкшудаи гирду атрофи донишгоҳ кӯтоҳ ва бурида шуданд.
Ҳамин тавр, пайваста дар таълимгоҳ барои ободу зебо ва кабудизоркунӣ ва хуррамгардонии саҳн ва гирду атрофи он корҳои ободонӣ бовусъат идома дошта, дар он ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён фаъолона ширкат мекунанд.
Н.Раҳимзода