Хабарҳо
Таҳлил дар соҳаи молияи давлатӣ
Дар доираи барномаи “Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки маблағгузораш Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир мебошад, дар меҳмонхонаи «Ҳилтон»-и шаҳри Душанбе бо иштироки сохторҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва академӣ конфронс дар мавзӯи “Таҳлил дар соҳаи молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Шарикони асосии барномаи мазкур Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир мебошанд.
Мақсад аз баргузории конфронс ин муҳокимаи масъалаҳои шаффофият дар соҳаи истифодаи молияи давлатӣ ва нақши таҳлилгарон дар соҳаи мазкур мебошад.
Дар ҷараёни конфронс тадқиқотҳое, ки аз тарафи таҳлилгарони ҷавон дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ гузаронида шудаанд, аз ҷумла: таҳлили самаранокии имтиёзҳои андозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастрасӣ ба қарздиҳии ипотекӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, андоз аз фоида ва таъсири он дар рушди фаъолияти соҳибкорӣ, субвенсия ҳамчун шакли дастгирии буҷети маҳаллӣ (дар мисоли Вилояти Суғд), самтҳои асосии татбиқи барномаи инноватсионӣ дар масъалаи саноатикунонии иқтисодиёти Тоҷикистон, мушкилоти реинтегратсияи муҳоҷирони баргашта, маблағгузории хадамоти манзилию коммуналии шаҳри Хоруғ, маблағгузории давлатӣ ба таҳсилоти калонсолон: ҳолати воқеӣ ва дурнамо, тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон: маблағгузории сарикасӣ ва суғуртаи тиббӣ ва ғайра баррасӣ шуданд.
Ҳамзамон, дар доираи конфронс ба иштирокчиён натиҷаҳои таҳқиқотҳои дастрасӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ, шаффофгардонии буҷети маҳаллӣ дар соли 2018, шарикии сохторҳои давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар масоили буҷет, инчунин, омода намудани модулҳои таълимӣ дар соҳаи идораи молияи давлатӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дастрас карда мешавад.
Дар конфронси мазкур муовини ректор оид ба илм Баҳром Сафаров ва устодони кафедраи менеҷменти молиявии донишгоҳ, н.и.и., дотсент Ш.С.Нуров ва муаллими калон Е.Ш.Мирзоева иштирок доштанд.
Дар рафти конфронс иштирокчиён бо масъалаҳои коркарди модулҳои таълимӣ доир ба идораи молияи давлатӣ барои муассисаҳои касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастрасии буҷетҳои маҳаллӣ, шаффофияти буҷети маҳаллӣ шиносоӣ пайдо намуданд.