Хабарҳо
Маҳфил барои дарёфти чеҳраҳои нави суханвар
Санаи 2 апрел бо ибтикори раёсати илм ва инноватсия ва раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ маҳфили зеҳнии илмӣ-адабӣ бо номи «Фурӯғи субҳи доноӣ…», ки ба тозагӣ дар хобгоҳҳои донишгоҳ таъсис ёфтааст, баргузор гардид.
Онро бо сухани муқаддимавӣ сардори раёсати илм ва инноватия Даврон Хоҷаев ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки мақсад аз таъсиси чунин маҳфил дар амал тадбиқ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба озмуни ҷумҳуриявӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ва ба ин васила, баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон ва иштироки онҳо дар озмунҳо, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонии донишҷӯёни дар хобгоҳҳои донишгоҳ истиқоматкунанда мебошад.
Инчунин, аъзои комиссия, ки аз устодони зерин: У. Сабуров, А. Давлатзода, О. Улуғов, Т. Додарова, М. Раҷабов иборат мебошанд, суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки таъсиси чунин як маҳфил дар хобгоҳҳои донишгоҳ иқдоми саривақтӣ буда, боварӣ аст, ки баргузории чунин онҳо дар ташаккули донишу малака ва истеъдоди донишҷӯён нақши муассир мегузоранд.
Баъдан, маҳфил бо иштироки яке аз дастаҳо бо номи «Ҳомиёни сулҳ» оғоз шуда, аз 10 саволи пешниҳодшуда ба 5 савол ҷавоби дуруст аз ҷониби аъзои даста пешниҳод гардид. Қайд намудан ба марид аст, ки дар оянда маҳфили мазкур ҳафтае ду маротиба рӯзҳои сешанбе ва панҷшанбе дар толори «Хонаи маҳфилҳо», воқеъ дар ошёнаи 1-уми хобгоҳи №2-и донишгоҳ бо иштироки дастаҳои номнависшуда то охири моҳи май, баргузор гардида, ғолибони озмуни мазкур дар «Рӯзи ҷавонон - 23 май» муайян ва қадрдонӣ шуда, беҳтаринҳо ба озмунҳои сатҳи гуногун пешниҳод мешаванд.