Хабарҳо
Нақши «Иқтисодиёти сабз» дар рушди ҷаҳон
Санаи 3-юми апрел дар ДДМИТ семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Нақши «Иқтисодиёти сабз» дар омӯзиши вазъи экологии кишвар ва роҳҳои татбиқи он» баргузор гардид. Cеминарро бо сухани ифтитоҳӣ муовини ректор оид ба илм, дотсент Баҳром Сафаров оғоз бахшида, вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда фикру мулоҳизаи хешро баён намуд.
Сипас, корманди институти масъалаҳои захираҳои обӣ ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дотсент А. Қодиров дар мавзӯи “Самтҳои расидан ба «Иқтисодиёти сабз» ва роҳҳои ташаккулёбии он” ва муаллими калони кафедраи фанҳои табиатшиносӣ В. Орифҷонова дар мавзӯи “Гузариш ба «Иқтисодиёти сабз» тақозои замон” баромад намуданд.
Зимни суханрониҳо гуфта шуд, ки таназзули экологӣ, рақобат барои захираҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим ба суботи сиёсӣ таҳдид мекунад. Идоракунии самаранок дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва ҳамкорӣ аз тарафи дигар эътимодро ба вуҷуд меоранд.
Барои зиндамонӣ ва рушди инсоният гузариш ба “Иқтисоди сабз” зарур аст, зеро ин низоми фаъолияти иқтисодӣ буда, ба истеҳсол, тақсимот ва истеъмоли молҳою хизматрасоние вобаста мебошад, ки боиси беҳтар намудани некуаҳволии мардум дар ояндаи дарозмуддат мегардад ва дар айни замон наслҳои оянда зери таъсири хатару хавфҳои муҳити зист ё норасоии экологӣ қарор намегиранд.
Дар анҷом музокира ва суолу ҷавоб сурат гирифт.