Хабарҳо
Боздиди донишҷӯёни ДДМИТ аз НБО «Норак»
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон солҳои 2019-2021-ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд. Вобаста ба ин, барои дар амал тадбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар - расидан ба истиқлолияти энергетикӣ донишҷӯёни курси 1, ихтисоси идораи давлатӣ ва маҳаллии факултети иқтисод ва бизнеси ДДМИТ ба шаҳри Норак сафар намуданд.
Донишҷӯён, пеш аз ҳама, аз НБО-и «Норак» дидан карда, вобаста ба ҳаҷм ва тавоноии неругоҳ ва барои рушди иқтисоди миллии кишвар бо мутахассисони соҳа ҳамсуҳбат шуданд. Сипас, онҳо мавзеъҳои дилрабои маркази шаҳр - Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомониро тамошо карданд.
Мақсади асосии ин сафар, мустаҳкам намудани савияи дониш, малакаву маҳорати илмомӯзӣ, боздид аз мавзеъҳои таърихӣ ва маконҳои сайёҳии кишвари азизамон мебошад.
Ҷовидон Халифазода, куратори гурӯҳ