Хабарҳо
Ҳолат ва роҳҳои таъмини амнияти озуқаворӣ
Санаи 1-уми апрел дар факултети ҳисобдорӣ ва омор маҳфили илмии донишҷӯён дар мавзӯи “Ҳолат ва роҳҳои таъмини амнияти озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар маҳфили илмӣ мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ, дотсент Исломиддин Фасеҳзода баромад карда, ба масъалаҳои актуалии таъмини амнияти озуқаворӣ ва роҳҳои ҳифзи он ишора намуд.
Зимни баромад гуфта шуд, ки асри XXI давраи ташаккули фарҳангу технологияи навин буда, бо назардошти афзуншавии аҳолии сайёраи Замин ниёзмандии инсоният ба неъматҳои моддӣ бештар мегардад. Дар давраи муосир пешрафти ҷомеаи ҷаҳон аз стратегияи давлатӣ дар бахши иқтисодӣ бештар вобастагӣ дорад. Баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми корӣ дар раванди иқтисодӣ ба тағйироти ҷиддӣ рӯ ба рӯ гардидааст. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи иқтисодиёт дере нагузашта, самар овард, ки дар ин ҷода заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беандоза бузург мебошад. Чунки Сарвари давлат нақши иқтисодиётро дар пешрафти ҷомеа муҳим ва калидӣ арзёбӣ менамоянд.
И. Фасеҳзода дар идома иброз дошт, ки таъмини бехатарии озуқаворӣ дар даҳсолаҳои охир чун бахши муҳими иқтисодӣ мавриди омӯзиш ва чораҷӯиҳои зарур дар пешбурди зиндагии мардум қарор гирифта, он дар баробари истиқлолияти энергетикӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ба самтҳои асосии стратегияи давлатӣ дар ҷодаи рушди кишвар ворид карда шудааст.
Дар интиҳои маҳфил қайд гардид, ки таъмини бехатарии озуқаворӣ, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ҷамъоварӣ, коркард, нигоҳдорӣ, фурӯш, инчунин ҳалли мушкилоти дастрасии ҷисмонӣ ва иқтисодии озуқаворӣ хусусияти системавӣ дорад.
Дар поёни маҳфил музокира ва саволу ҷавоб сурат гирифт.
Р. Саидов, котиби зермаҳфили “Зеҳн”-и факултет