Хабарҳо
Курси такмили ихтисос барои молиячиён
Маркази такмили ихтисоси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҷузъи асосии низоми таълимӣ-методии донишгоҳ буда, дар самти тайёр кардани мутахассисони соҳаи молия, баланд бардоштани савияи тахассусии омӯзгорону кормандон ва дигар хизматчиёни давлатӣ фаъолият менамояд.
Ҳамасола дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили ихтисос ва боло бурдани савияи донишу малакаи касбии кормандони мақомоти молияи ҷумҳурӣ курсҳои такмили ихтисос ва семинар-машваратҳои омӯзишӣ гузаронида мешаванд.
Имсол низ дар назар дошта шудааст, ки дар Маркази такмили ихтисоси ДДМИТ 10 курсу 10 семинар-машваратро барои бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти молияи мамлакат доир карда шавад.
Бо мақсади такмили савияи дониш ва малакаи тахассусии мутахассисони мақомоти молияи ҷумҳурӣ бо роҳбарон ва мутахассисони мақомоти молия, Нақшаи барномаи курсҳои такмили ихтисос барои солҳои 2019-2022 ва Нақшаи барномаи семинар-машваратҳои такмили ихтисос барои солҳои 2019-2022 дар мувофиқа бо вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 марти соли 2019, таҳти №43 тасдиқ гардидааст.
Яке аз вазифаҳои асосии марказ тайёр намудан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи молияву иқтисод, қонеъ гардонидани талаботи онҳо дар инкишофи зеҳнӣ ва омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонии идоракунии молияи давлатӣ ва дигар соҳаҳои иқтисод мебошад. Аз ин рӯ, курси аввалини марказ бо номи “Ҳайати идоракунии кормандон ва психологияи касбии кормандони соҳаи молия” 28 шунаванда аз мақомоти молияи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷалб гардидаанд.
Дар курси омӯзишӣ, асосан, сардорони раёсатҳо, шуъбаҳои кадрҳо, мутахассис-коргузорон ва дигар кормандони мақомоти молияи ҷумҳурӣ иштирок доранд.
Дар раванди курс мавзӯъҳои машғулиятҳоро психология, муошират, этика ва маданияти идоракунии ҳайат, равандҳои маърифатӣ ва баэътиборгирии онҳо дар фаъолияти касбӣ, корхона дар низоми идоракунӣ, роҳҳои асосии ноил гаштан ба санъати идоракунии ҳайати кормандон, характер, миҷоз ва қобилият дар фаъолияти касбӣ, нақш ва самаранокии роҳбар дар низоми идоракунии ҳайат ва аҳаммияти он дар низоми идоракунии ҳайатро дар бар гирифта, ба шунавандагон устодони пуртаҷрибаи донишгоҳ бо маҳорати баланди касбӣ дарс мегӯянд.
Лозим ба қайд аст, ки курси такмили ихтисос аз 1 то 10 апрел гузаронида мешавад.