Хабарҳо
Имтиёзҳои андозӣ ва зурурати такмили баҳисобгирии онҳо
- Бо назардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ, саноатикунонии кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон гаштааст. Рушди соҳибкорӣ ва истеҳсолот бошад, асоси иқтисодиётро ташкил медиҳад. Дар ин замина, додани сабукӣ ё афзалиятҳо ба андозсупорандагон яке аз табдирҳои асосӣ ба ҳисоб меравад, - иброз гардид дар маҳфили навбатии «Коршиноси иқтисодӣ», ки рӯзи 5-уми апрели соли ҷорӣ дар донишгоҳ доир гардид. Ин маҳфил ба мавзӯи «Имтиёзҳои андозӣ ва зарурати такмили баҳисобгирии онҳо дар татбиқи сиёсати саноатикунонии кишвар» бахшида шуда, онро Баҳром Сафаров - ноиби ректор оид ба илм ифтитоҳ намуд.
Меҳмони маҳфил Обиди Муҳаммадсаид - муовини сардори Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе дар робита ба мавзӯи матраҳшаванда баромад намуда, зикр кард, ки имрӯз тавассути сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти олии мамлакат барои соҳибкорон имтиёзҳои гуногун фароҳам омада истодааст. Афзалияту сабукиҳое, ки мутобиқи Кодекси андоз ё санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон ба андозсупорандагон дода мешавад, аз ҷумла додани имконияти напардохтан ё дар ҳаҷми камтар ва дар муҳлати нисбатан дертар супоридани андоз, имтиёзҳои андозӣ ба ҳисоб мераванд. Вале дар навбати худ, андозсупорандагон низ бояд сари вақт аз имтиёзҳои муқарраргардида огоҳ шаванду онҳоро истифода баранд.
Дар фарҷоми маҳфил маърӯзачӣ ба саволҳои иштирокчиён вобаста ба мавзӯи зикршуда ҷавобҳои мушаххас дод.
Насрулло Тӯйчизода