Хабарҳо
Вохӯрии устодони ДДМИТ бо волидон
Бо ташаббуси шӯрои занон ва донишҷӯдухтарони раёсати корҳои тарбиявӣ ва садорати факултети молия ва қарз санаи 4 апрели соли равон маҷлиси падару модарон баргузор гардид. Дар он зиёда аз 100 нафар падару модарони донишҷӯёни курсҳои мухталифи ин факултет иштирок доштанд.
Дар вохӯрӣ декани факултет Ҳокибек Сандалов суханронӣ намуда, волидони донишҷӯёнро бо шарту шароитҳои таълиму таҳсил дар донишгоҳ шинос намуда, иброз дошт, ки ин вохӯрӣ дар партави Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузаронида шуда, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва мустаҳкам намудани робитаи бевоситаи волидон бо устодони донишгоҳ равона гардидааст.
Ҳ. Сандалов волидайнро бо самтҳои фаъолият, ихтисоси интихобнамудаи фарзандонашон, шароити таҳсил ва зисти онҳо шинос намуда, дар бораи таҳсилу рафтори донишҷӯён ба волидайнашон маълумот дода, афзуд, ки барои таҳсили донишҷӯён тамоми шароитҳо муҳайёст, танҳо онҳоро мебояд, ки дар машғулиятҳо пурра иштирок намуда, аз болои худ кор барад, вале бархе толибилмон фориғболӣ карда, ба дарсҳо дер ва бе тайёрӣ меоянд.
Инчунин, аз волидайн даъват ба амал оварда шуд, ки фарзандонро беназорат нагузошта, пайваста бо кураторони гурӯҳҳо дар робита бошанд ва онҳоро ба хондану илм омӯхтан водор намоянд, то дар оянда мутахассиси варзидаи соҳаи худ шаванд.
Дар анҷом, падару модарони донишҷӯён аз даъват изҳори қаноатмандӣ карда, миннатдории хешро ба раёсати донишгоҳ ва ташкилкунандагони ин мулоқот расониданд.