Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Мафҳум ва моҳияти саноатикунонии босуръат

Мафҳум ва моҳияти саноатикунонии босуръат

Санаи 26-уми декабри соли 2018 дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат иброз намуданд, ки саноатикунонии босуръат ҳадафи чоруми рушди миллӣ эълон карда шавад. Вобаста ба ин, дар матбуоти даврӣ ва тавассути садо ва симо дар хусуси саноатикунонӣ маводи зиёд ба табъ расида, дар он оид ба мазмун, моҳият ва аҳамияти саноатикунонӣ мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода шудаанд. 
Бо назардошти муҳимияти мавзӯи мазкур дар факултети иқтисод ва бизнес бо иштироки н.и.и., дотсент Фируз Қодиров дар мавзӯи «Саноатикунонии босуръат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: мазмун, моҳият ва асосҳои инвеститсионии татбиқ» маҳфили «Зеҳн» баргузор гардид. Зимни баррасии мавзӯъ маърӯзачӣ иброз намуд, ки «дар аксар маводи вақтҳои охир чопшаванда ва суҳбату гузоришҳои телевизионӣ ва радиоӣ мазмун ва моҳияти саноатикунонии босуръат нодуруст шарҳ дода шуда, аз ҷумла «саноатикунонии босуръат» ва «саноатикунонӣ» ҳаммаъно баррасӣ карда мешаванд. 
Дар рафти маҳфил маърӯзачӣ дар хусуси назарияи саноатикунонӣ, мафҳумҳои ба он алоқаманд, таркиб ва хусусиятҳои татбиқи он, омори рушди соҳаҳои саноат ва таъмини инвеститсионии татбиқи ҳадафи чорум суханронӣ намуд. Аз ҷумла, зимни баррасӣ таъкид гардид, ки айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 2000 корхонаи саноатӣ фаъолият мекунанд, ки шумораи миёнасолонаи коркунони саноатӣ 86,8 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд. Дар баробари ин, қайд гардид, ки тавассути андешидани чораҳои мушаххас ва татбиқи ислоҳоти густурда саноати коркард рушд карда, айни замон 62,1% корхонаҳо дар ҳамин соҳа, 19,9% дар саноати истихроҷи маъдан ва 18,0% дар соҳаи истеҳсолу тақсимоти неруи барқ, газ ва об фаъолият мекунанд. 
Таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат ба масоили дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва танзими шароит ба рушди соҳаҳои саноат имкон дод, ки ҳиссаи бахши ғайридавлатӣ дар ҳаҷми умумии истеҳсолоти саноатӣ дар соли 2017 нисбат ба соли 2016 90,7%-ро ташкил дода, шохиси бахши давлатӣ бошад, 9,3%-ро ташкил медиҳад. 
Дар самти таъмини инвеститсионии татбиқи ҳадафи чорум таъкид гардид, ки солҳои охир ба соҳаҳои саноат аз сарчашмаҳои гуногун ҳаҷми зиёди инвеститсия ҷалб карда шудааст. Масалан, дар давраи солҳои 2007-2017 ба соҳаҳои саноат 1 млрд. 442,1 млн доллари ИМА сармоягузорӣ карда шудааст, ки аз ин 960,2 млн. доллари ИМА ба саноати маъдани кӯҳӣ, 34,2 млн. доллари ИМА ба саноати хӯрокворӣ рост меояд. Дар баробари ин, аз дигар сармоягузориҳо ба саноати маъдани кӯҳӣ 64,9 млн. доллари ИМА, ба энергетика 76,5 млн. доллари ИМА ва дигар соҳаҳои саноат 663,0 млн. доллари ИМА равон карда шудааст. 
Дар баробари ҷанбаҳои назариявӣ, амалӣ ва инвеститсионии татбиқи ҳадафи чорум маърӯзачӣ доир ба масоили маърифативу ахлоқии саноатикунонии босуръат суханронӣ намуда, вобаста ба дарки моҳияти он ва нақши мутахассисони ҷавони рақобатпазир ва навовар ибрози андеша намуд. 
Маҳфил бо саволу ҷавоб ва музокира ба анҷом расид.