Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Нақши технологияҳои информатсионӣ дар баланд бардоштани сифати таълим

Нақши технологияҳои информатсионӣ дар баланд бардоштани сифати таълим

Бо чунин унвон санаи 5 апрели соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар ҳошияи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.03.2019, №79 “Дар бораи нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конференсияҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019” конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-методӣ таҳти унвони «Нақши технологияҳои информатсионӣ дар баланд бардоштани сифати таълим» баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш олимону мутахассисони соҳавӣ, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва ташкилоту ширкатҳои бонуфуз ширкат доштанд. 
Ҳамоишро ректори донишгоҳ профессор Муъмин Шарифзода ифтитоҳ намуда, ҳадафи баргузории ҳамоишро баён намуд. Аз ҷумла зикр дошт, ки тараққиёти илму техникаҳои муосир водор месозад, ки ҳамаи ҷабҳаҳои фаъолият, бахусус, идоракунии раванди таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, ки талаботи даврони муосир аст, мувофиқ гардонида шавад. Зеро, истифодаи самараноки васоити муосири техникӣ дар таъмини сифати таҳсилот, воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ ва татбиқи намудҳои гуногуни таҳсилот – кредитӣ ва фосилавӣ нақши муассир дорад, – афзуд сарвари донишгоҳ. 
Naqsh400.jpgСипас, муовини ректор оид ба таълим ва идораи сифати таҳсилоти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, дотсент Маҳмуд Тошматов, муовини ректор оид ба таълими ДДМИТ, дотсент Амрулло Нурализода, муовини директори ДПДТТХ ба номи М.М.Осимӣ Хуршед Мақсудов, мудири кафедраи САҲ-и ДДҲБСТ Шоира Мухаммедова баромад карданд. Ҷанбаи аввали гузоришоти илмии олимону мутахассисонро имконоти мавҷуда, ҷорӣ намудани навгониҳо ва сатҳи татбиқи технологияҳои иттилоотӣ дар раванди таълими муассисаҳои олӣ фарогир буд, ки ҷиҳати андӯхти таҷрибаи якдигар мусоидат менамояд. Дар меҳвари марказии гузоришот бо далелҳои илман асоснок нақши технологияҳои иттилоотӣ дар баланд бардоштани сифати таҳсилот муҳим арзёбӣ гардида, барои татбиқи боз ҳам босамари он пешниҳодҳои муфид пешкаш гардид. 
Менеҷери лоиҳавии Фонди қарзии хурди «Микроинвест” Насиба Мирпочоева перомуни таҷрибаи истифодабарии технологияи информатсионии мамлакатҳои хориҷӣ дар соҳаи маориф ҳарф зада, таъкид дошт, ки аз таҷрибаи пешқадами ин давлатҳо низ дар ҷараёни таҳсил фаровон бояд истифода кард. 
Бояд гуфт, ки Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш Нурализода А. намояндагӣ карда, нақши технологияҳои иттилоотиро дар баланд бардоштани сифати таҳсилот дар ДДМИТ муҳим арзёбӣ кард.