Хабарҳо
Ҷалби толибилмон барои иштирок дар озмуни китобхонӣ
Санаи 10 апрели соли равон дар ДДМИТ маҳфили навбатии «Сайри сухан» баргузор гардид. Мавзӯи асосии баррасишуда ин ҷалби донишҷӯёни донишгоҳ барои иштирок дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» миёни хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот буд.
Зимни баргузории маҳфил сардори раёсати илм ва инноватсия Даврон Хоҷаев баромад карда, аъзоёни маҳфил ва алоқамандонро бо тартиби баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» шинос намуд. Д.Хоҷаев таъкид дошт, ки озмуни мазкур дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 09.02.2019, №АП-1165, супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19.02.2019, №16/10-43 ва Протоколи ҷаласаи комиссияи ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” аз 13.02.2019, №16/10-43 аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гардидааст. Озмун таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талқин намудани китобхонӣ миёни ҳамаи қишрҳои ҷомеа, миёни хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва намояндагони касбу кори гуногун баргузор мегардад. Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, рушди қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот, инчунин магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва намояндагони касбу ҳунарҳои дигар доир мегардад.
Озмуни мазкур аз рӯи чор номинатсия: аз ёд кардану хондани осори адибони классикии тоҷик, аз ёд кардану хондани осори адибони муосири тоҷик, аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик ва аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон гузаронида мешавад.
Ёдовар бояд шуд, ки шоҳҷоиза ба довталабе дода мешавад, ки аз чор номинатсияи пешниҳодшуда зиёда аз 70% осори назмию насриро мутолиа ва ҳифз намуда бошад.