Хабарҳо
Танзим ва назорати асъор дар иқтисодиёт
Санаи 8 апрели соли равон бо ташаббуси кафедраи фаъолияти биржавии факултети молия ва қарз дар доираи нақшаи чорабиниҳо маҳфили илмӣ баргузор гардид. Дар маҳфил ассистенти кафедра Ҷовид Боймуродов дар мавзӯи “Таъсири вобастагии танзим ва назорати асъор дар иқтисодиёти имрӯза” баромад намуда, оид ба вазъ ва дурнамои танзим ва назорати асъор маълумот дод.
Зимни баромад номбурда ба тамоми ҷанбаҳои асосии танзим ва назорати асъор мувофиқи қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии қабулгардида маълумотҳои мухтасар пешниҳод карда, оид ба вобастагии танзим ва назорати асъор дар шароити пуртазоди мушкилиҳои молиявӣ-иқтисодӣ ва роҳҳои устувор нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ фикру андешаи худро иброз намуд.
Дар охир саволу ҷавоб ва баҳсу музокира байни устодон ва донишҷӯён сурат гирифт.
Солиев Нодиршоҳ, ассистенти кафедраи фаъолияти биржавӣ