Хабарҳо
Викторинаи ҷумҳуриявӣ дар ДДМИТ
Дар таърихи 13 апрели соли равон дар донишгоҳ викторинаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои олии касбӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон – ташаббускори ҳалли масоили обӣ» бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028» баргузор гардид. Он бо ибтикори бевоситаи роҳбарияти донишгоҳ, раёсати илм ва инноватсия ва кафедраи табиатшиносӣ сурат гирифта, ба даври ниҳоии ин чорабинӣ 21 нафар донишҷӯёни кишвар роҳ ёфтанд ва барои ғолибият мубориза бурданд. Аз ҷумла, донишҷӯён аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара, Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ ва ғайра барои иштирок дар ин озмуни зеҳнӣ меҳмони ДДМИТ шуданд.
Мақсади викторина ҷалб намудани ҷомеаи васеи шаҳрвандӣ, олимону мутахассисон ва унвонҷӯён ба ҳалли масъалаҳои экологӣ, тарғибу ташвиқи ҳифзи муҳити зист, ташаккули ақидаи мусбӣ нисбат ба мавқеъ ва сиёсати давлат дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, инчунин, нишон додани саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешниҳод ва ҳалли масъалаҳои глобалии экологӣ аз ҷумла, соли байналхалқии «Оби тоза» (2003), 10- солаи амалиёти «Об барои ҳаёт» (2005-2015) ва 10 – солаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор солҳои (2018-2028)» мебошад.
Дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ муовини ректор оид ба таълим А. Нурализода, муовини ректор оид ба илм Б. Сафаров, сардори раёсати илм ва инноватсия Д. Хоҷаев ва устодону меҳмонон ширкат намуданд. Б. Сафаров зимни суханронии худ меҳмононро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфта, иброз намуд, ки ин даргоҳ имрӯз ба яке аз беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар табдил ёфта, кадрҳои баландихтисоси соҳаи молия ва иқтисод омода карда мешаванд. Ҳамзамон, аз талошу ташаббусҳои Сарвари давлат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи об дар сатҳи байналмилалӣ ёдовар шуда, зикр сохт, ки масъалаи таъминот бо оби ошомиданӣ ва тағйирёбии иқлим ба масъалаи муҳимтарини глобалӣ табдил ёфта, ҷомеаи ҷаҳониро нигарон кардааст.
Сипас, иштирокчиёни викторина ба пур кардани саволномаҳо шуруъ намуданд. Пас аз вақти муқарраргардида кори онҳо аз ҷониби ҳайати ҳакамон мавриди баррасӣ қарор гирифт ва ғолибон муайян гардиданд. То даме, ки кори онҳоро ҳакамон баҳогузорӣ мекарданд, мо фурсат ёфта, бо чанде аз иштирокчиён ҳамсӯҳбат гаштем ва дар зер таассуроти онҳоро пешниҳоди шумо мегардонем:
Дилфуза Раҷабова, донишҷӯи курси якуми факултети табиатшиносӣ, география ва тарбияи ҷисмонии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент:
- Ман бори аввал ба пойтахт омадам. Аз донишкадаи мо се нафар барои иштирок ба викторинаи мазкур роҳ ёфтанд ва мо аз ин хеле хурсандем. Ба саволҳо то қадри имкон ҷавоб додем. Барои ман шахсан муҳим иштирок кардан дар ин чорабинӣ буд. Зеро бо пойтахти азизамон Душанбе аз наздик ошно шудем ва аз имкониятҳои ДДМИТ дидан намудем. Инчунин, дӯстони нав пайдо кардам.
Амирҷон Ҳусайнов, донишҷӯи курси 4, факултети химия, биология ва географияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ:
- Бори аввал аст, ки меҳмони Донишгоҳи Шумо гаштам ва аз пазироӣ, муносибату меҳмоннавозиашон хеле сарфароз шудам. Озмун шаффоф ва дар сатҳи хуб гузашт. Саволҳои хуби соҳавӣ ва илмӣ пешниҳод гаштанд, ки қариб пурра ба он ҷавоб гардонидам. Аз он ки дар викторинаи мазкур ширкат варзидам, албатта хурсанду қаноатмандам.
Меҳриёр Абдиев, донишҷӯи курси 3, филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара:
- Бори аввал аст, ки дар озмуни сатҳи ҷумҳуриявӣ ширкат меварзам. Ҳадафи асосии ман гирифтани ҷой нест, балки мехоҳам бетаваҷҷуҳ набудани худро нисбат ба ин масъалаи умумибашарӣ баён созам. Мо ҷавонон бояд талошу кӯшиш намоем, ки ташаббусҳои Пешвои миллатро дастгирӣ намуда, дар ҳалли масъалаҳои муҳим саҳми худро гузорем. Ростӣ, дар чунин озмуни шаффоф ширкат варзида, меҳмони ин муассисаи олии таълимӣ шудам, хурсандам.
Гулдаста Сатторова, донишҷӯи курси 1, факултети ҳисобдорӣ ва омори ДДМИТ:
- Аз он шодам, ки чунин озмун дар донишгоҳи мо дар сатҳи баланд гузашта, он тавонист донишҷуёни фаъолро аз шаҳру ноҳияҳои мухталифи кишвар гирд оварад. Ин ба мо имконият медиҳад, ки риштаҳои дӯстиро барқарор намоем ва ҳамзамон донишҳои худро баланд бардорем. Барои ман моя ифитихор буд, ки яке аз донишҷӯёни аз дигар шаҳр омада, аз ободию зебоии донишгоҳи мо ба ваҷд омада, гуфт: Дар чунин донишгоҳ таҳсил намудан мояи ифтихор аст. Хуб мешуд, чунин озмунҳо бо ташаббуси таълимгоҳамон бештар барпо гардад.
Комиссия ҷавобҳоро таҳлил намуда, тибқи низомномаи муқарраргардида озмунро баҳогузорӣ намуд. Ҳамин тариқ, донишҷӯёни ДДМИТ Диана Давлатова (50 хол) ва Усмонҷон Ҷураев (43 хол) сазовори ҷои якум, Амирҷон Ҳусайнов - донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ сазовори ҷойи дуюм, Меҳриёр Абдиев - донишҷӯи филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара ва Дилфуза Раҷабова – донишҷӯи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент сазовори ҷойи сеюм шуданд. Ба ғолибон аз тарафи Раёсати ДДМИТ диплом ва мукофоти пулӣ супорида шуд. Инчунин, иштирокчиёни озмун бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.
Мавриди зикр аст, ки қаблан шартҳо ва тартиби баргузории озмун-викторинаи мазкур тавассути рӯзнома ва сомонаи донишгоҳ нашр гашта, инчунин, ба кулли муассисаҳои таҳсилотии кишвар фиристода шуда буд. Пас аз қабули иншо-эссеи довталабон муаллифони беҳтарин ба давраи ниҳоӣ роҳ ёфта, ба донишгоҳ даъват шуданд.
Насрулло Тӯйчизода