Хабарҳо
Хусусиятҳои низоми андозбандии бонкҳои тиҷоратӣ ва роҳҳои инкишофи он
Санаи 11.04.2019 бо ташаббуси кафедраи фаъолиятии бонкии факултети молия ва қарз дар доираи нақшаи маҳфили илмии донишҷӯён бо иштироки устодону донишҷӯён дар мавзӯи “Масъалаҳои мубрами низоми бонкии кишвар” баргузор гардид. Дар маҳфили мазкур ин навбат устодон ва донишҷӯён аз ихтисоси андоз ва андозбандӣ иштирок намуда, дар мавзӯъҳои муҳими соҳаи андозбандӣ дар низоми бонкӣ ва механизмҳои самаранокии он маърӯза намуданд.
Дар маҳфил донишҷӯёни ихтисоси андоз ва андозбандӣ А.Давлатов ва Ф.Бобомуродзода дар мавзӯи “Хусусиятҳои низоми андозбандии бонкҳои тиҷоратӣ ва роҳҳои инкишофи он” ва донишҷӯи ихтисоси иқтисодиёти молиявӣ ва бонкӣ Мансур Тоирзода дар мавзӯи “Мушкилоти низоми пардохт ва роҳҳои ҳалли он” баромад намуданд. Дар маҳфил бештар ба масъалаҳои ҳалталаби низоми пардохӣ ва андозу бонкӣ баҳсу мунозира шуда, як қатор мешниҳодҳои мушаххас баррасӣ гардид.
Дар анҷом саволу ҷавоб байни донишҷӯёни ихтисоси ииқтисодиёти молиявӣ ва бонкӣ, кори бонкӣ ва андоз ва андозбандӣ сурат гирифт.
Қаландар Сафаров, ассисенти кафедраи фаъолияти бонкӣ