Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Имзои ёддошти тафоҳум бо САҲА

Имзои ёддошти тафоҳум бо САҲА

Санаи 16 апрели соли ҷорӣ вохӯрии ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Шукрулло Хайрзода бо роҳбари коллеҷи сарҳадӣ барои идоракунии ҳайати роҳбарикунандаи САҲА дар шаҳри Душанбе Ҷонатан Холланд сурат гирифт. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои омодакунӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбии устодони соҳаи гумрук ба миён гузошта шуд. Инчунин гуфта шуд, ки ҳадаф аз ташкили вохӯрӣ ин мусоидат барои баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорони соҳаи гумрук мебошад. Бинобар ин бо мақсади дар амал татбиқ кардани ҳадаф байни ДДМИТ ва коллеҷи сарҳадӣ барои идоракунии ҳайати роҳбарикунандаи САҲА дар шаҳри Душанбе ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

 
Дар идомаи вохӯрӣ намояндагони коллеҷи сарҳадӣ аз синфхонаи моноблокии факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт, китобхонаи илмӣ, толори конфронсӣ ва марказҳои тестии муассиса дидан намуданд. Зимни боздид меҳмонон аз шарту шароити таҳсил ва техникаву таҷҳизоти муҳайёгардидаи донишгоҳ аз наздик шинос шуданд. 


Раҳимзода Н.