Хабарҳо
Баррасии масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дар дарси кушод
Бо ташаббуси факултети иқтисод ва бизнес санаи 16-уми апрели соли 2019 дарси кушоди тарбиявӣ бо иштироки донишҷӯёни курси дуюм ва намояндагони Раёсати Хадамоти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Бозоров Фирдавс ва Шоев Анис дар мавзӯи «Баррасии қонуну тартиботи давлатҳои хориҷа дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ» ташкил ва гузаронида шуд.
Дар он Бозоров Ф. баромад карда, тамоми санаду меъёрҳои дигар давлатҳо, махсусан Федератсияи Россия, ки бештари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ азими ин кишвар гардида, кору фаъолият менамоянд, мавриди баррасӣ ва таҳлили амиқ қарор дод.
Дарс бо саволу ҷавоби тарафайн суръат гирифта, дар нақша аст, ки чунин дарсҳои кушоди тарбиявиро бо иштироки мутахассисони соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар доир хоҳем кард.
Бобомуродзода Фаррух, донишҷӯи курси 3, факултети иқтисод ва бизнес