Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Дарси тарбиявӣ бо даъвати мутахассис

Дарси тарбиявӣ бо даъвати мутахассис

Бо мақсади тақвият ва таъсирбахш гардонидани корҳои тарбиявӣ садорати факултети иқтисод ва бизнес тасмим гирифтаанд, ки илова бар ҷадвали дарсҳо бо ҷалби мутахассисони варзидаи соҳаҳои гуногун дарсҳои тарбиявиро роҳандозӣ намояд. 
Ин навбат Саъдулло Носиров, номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ, мутахассиси варзидаи соҳаи педагогикаи кишвар дар мавзӯи «Нақши оила дар таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон» дарси тарбиявии озод гузаронид. Дар он доираи васеи донишҷӯёни 8 гурӯҳи курси аввал дар якҷоягӣ бо сарпарастони гурӯҳ иштирок намуда, аз ин суҳбати манфиатбору судманд баҳра бардоштанд. Пас аз мусоҳибаи озоду самимӣ, ки донишҷӯён бо таваҷҷуҳи хос шуниданд, пурсишу посух роҷеъ ба тарбия, таълим, дар муҳити маърифатӣ будан, васеъ намудани доираи ҷаҳонбинӣ, рӯ овардан ба илму дониш, одоби муошират, ифтихормандии волидон аз рафтори фарзандон, китобхонӣ, нишастан дар суҳбатҳои донишмандон, пайваста дар робита қарор доштани донишҷӯ бо хонавода, самаранок истифодабарии вақт ва дигар масъалаҳои марбут ба ахлоқи ҳамидаи инсонӣ сурат гирифт. 
Дар анҷоми дарс аз ҷониби аксарияти донишҷӯён пешниҳод гардид, ки чунин суҳбату мулоқотҳои судманд пайваста сурат гирад ва баргузории он дар хобгоҳҳои донишгоҳ низ мувофиқи мақсад аст. Ин даъватро С. Носиров бо камоли майл қабул намуд ва тазаккур ёфт, ки рӯзҳои наздик идомаи чунин суҳбатҳо боз ҳам тақвият бахшида мешавад. 


Н. Тӯйчизода