Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Баррасии муаммоҳои бозори коғазҳои қиматнок

Баррасии муаммоҳои бозори коғазҳои қиматнок

Бо ибтикори кафедраи фаъолияти биржавӣ санаи 17 апрели соли равон семинари илмию назариявии донишгоҳӣ дар мавзӯи «Муаммоҳои рушди бозори коғазҳои қиматнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. 
Дар семинар директори ҶДММ «Прайм Инвест» дар БФОМ Негматов Қадриддин, директори ҶСП «Маҳфуздорандаи марказӣ» дар БФОМ Раҳмонова Умеда ширкат ва баромад карданд. 
Негматов Қ. дар баромади худ қайд намуд, ки бозори коғазҳои қиматнок яке аз шаклҳо ва қисматҳои маъмули бозори сармоя буда, барои ҳамаи субъектҳои иқтисодӣ сарчашмаи асосии захираҳои инвеститсионӣ ба ҳисоб меравад. 
Ҳамчунин гуфта шуд, ки бозори коғазҳои қиматнок қисми таркибии бозори молиявӣ буда, аз маҷмӯи муносибатҳои молиявию иқтисодӣ оид ба интишор ва хариду фурӯши коғазҳои қиматнок иборат аст ва айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебояд бозори такрории коғазҳои қиматнокро рушд бахшид, ки он барои рушди муносибатҳои молиявию иқтисодӣ заминагузор мегардад.