Хабарҳо
Таҳлили вазъияти кунунии муҳоҷирати меҳнатӣ
Рӯзи 17 апрели соли равон бо ташаббуси кафедраи фаъолияти гумрукӣ бахшида ба Ҳафтаи илм семинари доимоамалкунандаи умумидонишгоҳӣ таҳти унвони «Муҳаққиқони ҷавон» дар мавзӯи «Хусусиятҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дар шароити муосир» баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо доираи васеи устодони кафедра ва донишҷӯён доир гашт.
Саравал мудири кафедраи мазкур Муминов А. баромад намуда, қайд намуд, ки пайваста роҳандозӣ намудани чунин маҳфилу семинарҳо баҳри сайқал додани дониши муҳаққиқони ҷавон мусоидат менамояд.
Баъдан зикр намуд, ки масъалаи баррасишаванда дар шароити кунунӣ яке аз масъалаҳои мубрамтарин ва зарурӣ ба ҳисоб меравад.
Сипас муовини раёсати илм ва инноватсия Тилабов Ё. баромад карда, қайд намуд, ки муҳоҷирати меҳнатӣ ҷараёнест, ки тамоми мамолики олам ба ин раванд шомил гардида, барои баъзе кишварҳо ҳамчун заминаи рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоб рафта, барои баъзеи дигар бошад, рафъсозандаи фишор дар бозори меҳнат муаррифӣ мегардад.
Баъдан Халимхонов З., ассистенти кафедра баромад карда, вазъияти кунунии муҳоҷирати меҳнатиро дар миқёси олам ва аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, бо пешниҳоди маълумотҳои оморӣ вазъи кунунии муҳоҷирати меҳнатиро таҳлил намуд.
Дар охир байни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт.
Ҳалимхонов З., ассистенти кафедраи гумрук