Хабарҳо
Рӯнамоии Шӯрои диссертатсионӣ дар ДДМИТ
Пешравиҳо дар ДДМИТ дар як соли охир ба таври возеҳ ба назар расида, донишгоҳ ба комёбиҳои илмии бесобиқа шарафёр гардидааст. Як муждаи илмии нав дар донишгоҳ таъсиси Шӯрои диссертатсионӣ мебошад, ки ин дастоварди илмии муҳим ба ҳисоб меравад.
Вобаста ба ин рӯзи 20 апрели соли равон дар донишгоҳ рӯнамоии Шӯрои диссертатсионӣ доир гардид, ки дар он Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Розиқзода Абдулҳаким Шералӣ, раиси КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси миллии Маҷлиси олӣ, аъзоёни шӯро, устодону кормандони донишгоҳ иштирок доштанд.
Рӯнамоиро ректори донишгоҳ Шукрулло Хайрзода кушода, меҳмононро хайра мақдам гуфт ва аз пешравии илм дар донишгоҳ ёдовар шуда, афзуд, ки соли 2018 13 нафар олимони ҷавони донишгоҳ рисолаи номзадӣ ҳимоя карданд. Дар шароити кунунӣ, ки таваҷҷуҳи давлату ҳукумати кишвар ба рушди илму маориф меафзояд, омода кардани кадрҳои илмию педагогии ҷавобгӯи талабот аз вазифаҳои аввалиндараҷаи муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ба ҳисоб меравад. Таъсиси Шӯрои диссертатсионии мазкур низ бо мақсади омода намудани кадрҳои илмии баландихтисос дар соҳаи молия, бонкдорӣ ва бизнес-маъмуриятчигӣ ва дигар самтҳои иқтисодиёт мебошад. Баланд бардоштани иқтидори илмии донишгоҳ низ аз ҳадафҳои авлавиятноки мо маҳсуб мегардад, гуфт ректор.
Баъдан Солеҳзода А. аҳли нишастро бо кушодашавии Шӯрои диссертатсионӣ муборакбод гуфта, афзуд, ки ҳар як иқдом барои пешравии ҷомеа таконест ва бозгӯи муваффақият аст. ДДМИТ базаи асосии омодакунии кадрҳои соҳаи молия ва иқтисоди кишвар буда, таъсиси Шӯрои диссертатсионӣ дар заминаи он ин қадамест устувор барои тақвияти иқтидори илмии кишвар дар самти иқтисодиёт, зеро дар баромадашон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи беҳтар кардани сифати омодакунии кадрҳои соҳаи бонкдорӣ ва молияро ёдрас мешаванд.
Солеҳзода А. аз аъзоёни шӯро даъват ба амал овард, ки дар интихоби мавзӯъҳои рисолаҳои номзадӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд ва мавзӯъҳои ба иқтисодиёти Тоҷикистон марбут ва мутобиқи Стратегияи рушди Тоҷикистон то давраи соли 2030 ва барномаҳои давлатӣ ва консепсияҳои давлатӣ навишта шаванд ва мавриди таҳқиқ қарор гиранд.
Вазири молия Қаҳҳорзода Ф.С. аз номи Вазорати молия ҳамчун муассиси донишгоҳ ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва КОА-и назди Президенти ҶТ барои кушодани Шӯрои диссертатсионӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуд. Мавсуф омода кардани шароитҳои мусоидро барои кору фаъолият самабахши натиҷаҳои дилхоҳ хонда, гуфт, ки бо омода шудани кадрҳои илмии соҳаи молия ва иқтисод мутахассисони омодашаванда дар донишгоҳ ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ хоҳанд шуд.
Дар идома Розиқзода А. баромад карда, кори Шӯрои диссертатсиониро масъулияти баланд хонд ва гуфт, ки ин шӯрои ҳаштумин дар самти иқтисодиёт аст, ки аз тарафи КОА таъсис дода шудааст. Назорат ва хуб кардани сифати корҳои илмӣ аз Шӯроҳои диссертатсионӣ вобаста аст. Мавсуф барои ҷиддӣ ва бо масъулияти баланд фаъолият намудани Шӯро даъват намуд.
Дар охир, барои идомаи корҳо дар шӯро ва муайян намудани экспертҳо тавсияҳо дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки 3 апрели соли ҷорӣ бо фармоиши раиси Комиссияи Олии Аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 67 дар назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Шӯрои диссертатсионӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (РhD) таъсис дода шуд.
Шӯрои диссертатсионии мазкур доктор аз рӯйи ихтисосҳои 6D050600-Иқтисодиёт, 6D050900-Молия, 6D050200-Бизнес-мудирияти соҳибкорӣ ва барои дараҷаи илмии номзади илм аз рӯйи ихтисосҳои 08.00.05-Иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ: иқтисодиёти минтақавӣ ва 08.00.10-Молия, гардиши пул ва қарз тайёр мекунад. Рамзи шӯрои диссертатсионӣ 6D.КОА-051 муқаррар карда шудааст.
Бояд ёдовар шуд, ки маҷаллаи илмии «Молия ва иқтисод»-и ДДМИТ низ барои шомил шудан ба гурӯҳи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи Комиссияи Олии Аттестатсионӣ пешниҳод гардида, дар рӯзҳои наздик ба он дохил хоҳад шуд.
Ин дастоварди илмиро ба кулли устодон ва кормандони донишгоҳ муборак мегӯем!
Машҳура Абдуллоева