Хабарҳо
Баррасии илмии муаммоҳо ва дурнамои таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар
Дар доираи Ҳафтаи илм дар донишгоҳ рӯзи 22 апрели соли равон конференсияи илмӣ-назариявии ҳайати профессорон, устодон ва донишҷӯёни ДДМИТ таҳти унвони «Таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир: муаммоҳо ва дурнамо» бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки васеи омӯзгорону магистрантон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Ректори донишгоҳ Шукрулло Хайрзода бо сухани ифтитоҳӣ баромад карда, афзуд, ки Ҳафтаи илм дар донишгоҳ бо башорати кушодашавии Шӯрои диссертатсионӣ дар назди ДДМИТ оғоз гардид ва ин иқдоми наҷиб қадамест устувор ба сӯи пешрафти илм дар муассиса ва умуман дар ҷумҳурӣ. Конфронси имрӯза низ бозгӯи ин гуфтаҳост. Ҳадаф аз баргузории конфронсҳои апрелӣ ин ҷамъоварии пешниҳодҳои илман асосноки ҳар як муҳаққиқ дар асоси корҳои тадқиқотӣ барои вазорату муассисаҳои дахлдор мебошад. Бинобар ин, аз олимону муҳаққиқон даъват ба амал оварда шуд, ки бо мақолаҳо ва пешниҳодҳои мушаххаси илмӣ дар конфронс баромад кунанд.
Баъдан маърӯзаи профессори кафедраи назарияи иқтисодии ДДМИТ Қандиёрова Д.О. дар мавзӯи «Тамоюлҳои муосири ҷараёнҳои ҳамгироӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: воқеият ва дурнамо» шунида шуд. Баромадкунанда ҷанбаҳои мусбӣ ва манфии шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Иттиҳоди иқтисодии Авроосиё (ЕАЭС) ёдрас шуда, афзуд, ки он дар танзими низоми андозбандӣ, ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ва беҳтар шудани вазъи муҳоҷирати меҳнатӣ ва иштирок дар лоиҳаҳои бузурги байналмилалӣ таъсири амиқ дорад ва он аз манфиатҳои иқтисодӣ бармеояд, гуфт профессор.
Маърӯзаи номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи молия Оймаҳмадов Г.Н. дар мавзӯи «Самаранокии истифодаи маблағҳои буҷетӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» басо ҷолиб ва бо пешниҳоди тавсияҳои илман асоснок сурат гирифт.
Баромадкунанда якчанд омилҳоро барои истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ номбар кард, аз қабили оқилона бурдани воҳидҳои кории вазорату идораҳо, самаранокии истифодабарии маблағҳои буҷетӣ дар таркиби сохтории минтақаҳо ва гузаронидани лоиҳаҳои сармоягузорӣ аз экспертиза ва ғайра.
Мавсуф барои болобардории ҳосилнокии меҳнат дар истеҳсолот якчанд пешниҳодҳо кард, аз ҷумла истифодаи алтернативии захираҳо, махсусгардонию ҳамгироии корхонаҳо; фаъолияти кушоди бозори коғазҳои қиматноки дуюм ва андоз аз даромади субъектони иқтисодиёт; ба суғурта фаро гирифтани хатарҳои молиявию иқтисодии суғурташавандаи субъектони соҳаҳои истеҳсолии хизматрасонӣ ва дар ҳамин замина пешгирӣ кардани хатари ба фаъолияти онҳо таҳдиднамояндаю вориднамоии муназзами андозҳо ба буҷет; пешниҳоди истифодабарии соҳибкориҳо аз банақшагирии иқтисодию молиявӣ ва буҷетинамоиҳои электронӣ ва ғайра.
Сипас чанд нафар ба музокира баромаданд, дар атрофи мавзӯъҳои баррасишуда фикру ақоиди хешро иброз доштанд ва маърӯзачиён ба суолҳои сершумор ҷавобҳои мушаххас доданд.
Конфронс баъдан дар бахшҳои иқтисод, молия ва андоз, фаъолияти бонкӣ, бозори фондӣ ва суғурта; менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодию молиявӣ; муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ ва фаъолияти гумрук; табиӣ-риёзӣ, информатика ва технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт; баҳисобгирии муҳосибӣ, омор, аудит ва таҳлили иқтисодӣ; фанҳои гуманитарӣ; забонҳо ва бахши варзиш ва мудофиаи гражданӣ идома ёфт. Дар он омӯзгорон, магистрантон ва донишҷӯён бо маърӯзаҳо баромад карданд.
Конфронс пагоҳ, рӯзи 23 апрел корашро идома медиҳад.
Машҳура Абдуллоева