Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Тақвияти равобити ду таълимгоҳ

Тақвияти равобити ду таълимгоҳ

Вусъат ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ яке аз самтҳои муҳимтарини ташаккули эътибор ва замонависозии равандҳои омодакунии кадрҳои баландихтисос дар ДДМИТ ба ҳисоб меравад. Дар баробари ин яке аз панҷ самтҳои Стратегияи рушди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023-ро густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, ки ба ҷорисозии стандартҳои нав ва ноилшавӣ ба сатҳи сифати байналмилалии таҳсилот мусоидат мекунад, ташкил медиҳад.
Бо тағйир ёфтани мақом, боло рафтани рейтинги муассиса дар байни муассисаҳои олӣ, такмил ёфтани базаи моддиву техникӣ ва зиёд гардидани таваҷҷуҳи роҳбарияти донишгоҳ ба масоили ҷалби довталабони хориҷӣ дар соли таҳсили 2018-2019 шумораи донишҷӯёни хориҷӣ ба 290 нафар расонида шуд. Аз ҷумла, таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои таҳсил дар ДДМИТ зиёд гардид, ки ҳоло дар муассиса 66 нафар (183 нафар дар шакли таҳсили фосилавӣ) таҳсили илм доранд.
То ба имрӯз ДДМИТ бо 5 муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Ӯзбекистон: Донишгоҳи давлатии Термиз, Донишкадаи политехникии Фарғона, Донишкадаи иқтисод ва хизмати Самарқанд, Донишкадаи молияи Тошкент ва Донишкадаи муҳандисӣ-иқтисодии Қаршӣ ҳамкориҳоро дар самти маориф ва илм ба роҳ мондаанд. Инчунин пайваста мубодилаи донишҷӯёну устодони муассисаҳои ҳамкор сурат мегирад, ки яке аз роҳҳои тавсеаи дӯстии миллатҳо мебошад. 
Баҳри дар амал татбиқ кардани ҳамкориҳои илмӣ ва барқарорсозии муносибатҳои дӯстона аз санаи 19 то 20-уми апрели соли ҷорӣ гурӯҳи устодону донишҷӯёни ӯзбекистонии дар ДДМИТ таҳсилдошта ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои иштирок дар конфронс сафар намуданд. Дар конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ, ки дар Донишгоҳи давлатии Термизи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, Суннатулло Нуриддинов, устоди кафедраи иқтисоди ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалӣ, Муродхуҷа Хушвахтов, мутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, Фирдавс Турақулов, донишҷӯи курси 1 факултети молия ва қарз ва Беҳрӯз Саидмуродзода, донишҷӯи курси 1 факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ иштирок доштанд. Конфронс дар мавзӯи “Консепсияи масъалаҳои баланд бардоштани некӯаҳволии мардум” баргузор гардид, ки дар он ҳайати намояндагони ДДМИТ фаъолона иштирок ва баромад намуданд. Дар рафти конфронс ректори Донишгоҳи давлатии Термиз Абдулқодир Тошқулов суханронӣ намуда, сараввал меҳмонони тоҷикро ба Ӯзбекистон ва донишгоҳ хайрамақдам гуфт. Зимни баромад А.Тошқулов иброз дошт, ки имрӯз муносибатҳои ду кишвари дӯсту ҳамсоя Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мустаҳкам гардид ва робитаҳо дар самти маориф ва илм тақвият ёфт. Дар баробари ин мубодилаи донишҷӯёну устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳо ба роҳ монда шуд, ки ин низ яке аз дастовардҳои илмии ҳарду ҷониб аст. 
Конфронс дар сатҳи баланд баргузор гардид ва дар анҷом аз номи Донишгоҳи давлатии Термиз Абдулқодир Тошқулов ба ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Шукрулло Хайрзода барои ҳамкориҳои судманд ва саҳм гузоштан дар рушди маориф ва илми байни донишгоҳҳо Сипоснома супорид. Дар ин радиф ҳайати устодону донишҷӯёни ДДМИТ барои баромад ва иштироки фаъолона дар конфронс бо Ифтихорнома ва туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Бояд ёдовар шуд, ки рӯзҳои 11-12 марти соли равон чанд нафар омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Термизи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ДДМИТ ташриф оварда буданд. Устодони Донишгоҳи давлатии Термиз Маҳмуд Гадошоев, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, декани факултети иқтисод ва туризм, Авазов Эргаш, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири кафедраи молия ва Атомуродов Шавкат, доктор PhD, муаллими калони кафедраи иқтисодиёт зимни сафари худ дар ДДМИТ рӯзи 12 март бо донишҷӯён, аз ҷумла донишҷӯёни ӯзбекистонӣ вохӯрӣ анҷом дода буданд.


Нуралӣ Раҳимзода