Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ободонӣ баҳри таҷлили Рӯзи пойтахт

Ободонӣ баҳри таҷлили Рӯзи пойтахт

Баҳри босазо ва бо рӯҳияи ифтихор таҷлил кардани Рӯзи пойтахт санаи 21 апрел дар ДДМИТ шанбегии умумидонишгоҳӣ ташкил карда шуд. Дар шанбегӣ кормандони хоҷагидорӣ ва устодону кормандони донишгоҳ дар умум, зиёда аз 400 нафар аз соати 8-и субҳ сар карда, то соати 12 аз даромадгоҳи кӯчаи Нахимов ба самти донишгоҳ то кӯчаи Нахимов 64/14 бо гузаргоҳҳояш ва тамоми ҳудуди дохили донишгоҳро тоза карданд. Ҳамчунин ин навбат таваҷҷуҳи асосӣ ба ҷӯйборҳои обгузар аз партовҳо дода шуда, дарахтони сершохи хушкшуда гирду атрофи донишгоҳ, ки дар боронҳои ҳафтаи охир осеб дидаанд, кӯтоҳ ва бурида шуданд. Инчунин кормандони хоҷгидорӣ дар растаҳои донишгоҳ гулҳои баҳорӣ шинонда, назди ҳамаи дарахтон ва арчаҳоро нарму мулоим карданд. 
Ин навбат баҳри сазовор таҷлил кардани Рӯзи пойтахт, ки ҳар сол шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил карда мешавад, дар ДДМИТ бисёр корҳои ободонӣ ба анҷом расонида шуд. 
Ногуфта намонад, ки имсол Рӯзи пойтахтро дар ҷумҳурӣ, ки ба санаи 20 апрел рост омад ва онро тамоми сокинони шаҳри Душанбе, аз ҷумла устодону донишҷӯёни ДДМИТ бо як рӯҳияи ватандӯстона ва ҳисси баланди шаҳрвандӣ таҷлил карданд. 
Ҳамин тавр, пайваста дар ДДМИТ барои ободу зебо ва кабудизоркунӣ ва хуррамгардонии саҳн ва гирду атрофи он, инчунин саҳм гузоштан дар пешравии шаҳри Душанбе корҳои ободонӣ бовусъат идома дошта, дар он ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён фаъолона ширкат доранд. 


Н.Раҳимзода