Хабарҳо
Шараф дар илм шарафёб гардид
Дар доираи ҳафтаи илм дар донишгоҳ навгониҳою муждагонии илмӣ басо афзуд, ки боиси дастгирист. Ин навгониҳо аз он огаҳӣ медиҳанд, ки базаи илмии таълимгоҳ мустаҳкам гардида, ба қуллаҳои нави илмӣ расида истодааст. Инчунин зиёд шудани теъдоди устодони унвони илмидор низ яке аз пешравиҳои илмии донишгоҳ ба ҳисоб меравад.
Ин навбат як муҳаққиқи ҷавон Шарафҷон Раззоқбердиев рисолаи номзадӣ ҳимоя кард. Дар таърихи 19 апрели соли ҷорӣ дар Шӯрои диссертатсионии Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия Д-737.004.03-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рисолаи номзадии устоди кафедраи забонҳои хориҷии ДДМИТ Шарафҷон Раззоқбердиев дар мавзӯи «Структурно-семантический анализ геологической терминологии в таджикском-английском языках» бомуваффақият ҳимоя карда шуд. Ш.Раззоқбердиев бо роҳбарии профессори ДМТ Ҳалимҷон Саидов рисолаашро аз рӯйи ихтисоси 10.02.20-забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ ҳимоя намуда, сафи устодони унвони илмидоштаро дар донишгоҳ зиёд кард.
Аҳли кормандони донишгоҳ Шараф Раззоқбердиевро бо ин дастовард табрик гуфта, ба корҳои илмию педагогии ӯ бурдборӣ хоҳонанд.