Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Сайри Хатлонзамин

Сайри Хатлонзамин

Бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» (2019-2021) ва вусъат додани сайёҳии дохилӣ ва дар ин замина ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо муассисаҳои олии кишвар гурӯҳи устодон ва донишҷӯёни факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалии ДДМИТ бо теъдоди 47 нафар, аз ҷумла донишҷӯёни хориҷӣ аз Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Туркманистон, Афғонистон ва Қирғизистон барои боздид аз мавзеъҳои сайёҳӣ ва таърихӣ ба диёри зебоманзари вилояти Хатлон сафар намуданд. 
Сафари мазкур санаи 18 апрели соли равон сурат гирифт. Ҳайати сайёҳии факулта дар оғози сафар аз мавзеи обанбори Неругоҳи барқии обии Норак дидан намуда, баъдан раҳ ба раҳ аз мавзеи Олимтойи ноҳияи Данғара боздид ба амал оварданд. Идомаи сафари гурӯҳи сайёҳӣ ба мавзеи таърихии ин диёри кӯҳанбунёд, пуртамошотарин макони сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ қалъаи Ҳулбуки ноҳияи Восеъ рост омад. 
Ҳайати сайёҳони ДДМИТ-ро дар ин мавзеъ кормандони қалъаи Ҳулбук истиқбол гирифта, меҳмононро бо макони таърихиву кӯҳанбунёд ошно намуданд. Сипас бо директори Осорхонаи қалъаи Ҳулбук Абдуллоҷон Хоҷаев суҳбат оростанд. Баъдан А.Хоҷаев аҳли гурӯҳро ба қалъа таклиф намуда, аз таърихи ин макони кӯҳанбунёд ошно намуд. Ба донишҷӯёни хориҷӣ, ки бори аввал ба ин макон ташриф оварданд, бисёр писанд омад. Гурӯҳи донишҷӯён барои такмили дониши таърихии худ ба чанде аз саволҳои худ аз роҳбарияти осорхона посухҳои мушаххас гирифтанд. Зимни боздид аз ин макони таърихӣ донишҷӯён бо ёдгориҳои таърихии осорхонаи Ҳулбук шиносоӣ пайдо карданд. Аз замони Шӯравӣ то имрӯз ёдгориҳои зиёди таърихӣ аз мавзеи қалъа дар асоси кофтуковҳои археологӣ ёфт шудаанд, ки ҳоло дар осорхонаи қалъаи Ҳулбук нигоҳ дошта мешаванд. Ногуфта намонад, ки солона аз ин осорхона сайёҳони зиёде дидан мекунанд ва ба ин нигораҳои таърихӣ баҳои баланд додаанд. Бо дастгирии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони истиқлолият ин мавзеъ пурра азнавсозӣ шуда, ба макони обод ва диданӣ мубаддал гардидаст.



 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg
 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg

 
Баъдан гурӯҳи сайёҳӣ роҳи худро ба самти шаҳри бостонии Кӯлоб идома доданд. Гурӯҳ сараввал аз шаҳр сайр намуда, зебогии ин шаҳри бостониро, ки таърихи зиёда аз 2700 сол дорад, ба донишҷӯёни хориҷӣ ва ватанӣ нишон доданд. Зимни сафар дар шаҳри Кӯлоб гурӯҳи сайёҳӣ, ки онҳоро декани факулта Қутбиддин Муқимов роҳбарӣ мекард, ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ташриф оварданд ва бо устодону донишҷӯёни ин даргоҳи илму маърифат вохӯрӣ анҷом доданд. Меҳмононро дар ДДК ба номи А.Рӯдакӣ бо фарҳанги баланди меҳмондорӣ пешвоз гирифтаанд. Дар толори фарҳангии донишгоҳ вохӯрии судманд бо донишҷӯёни донишгоҳ анҷом дода, пас аз он барномаи ҷолиби фарҳангиро тамошо карданд. Дар баробари ин аҳли гурӯҳ аз биноҳои таълимӣ, синфхонаҳо, китобхона ва осорхонаи ин таълимгоҳ дидан намуданд. 
Дар идомаи сафар дар Кӯлобшаҳр гурӯҳ аз мавзеи таърихии Оромгоҳи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ боздид намуда, дар бораи ин шахсияти бузург ва ин зиёратгоҳ маълумоти кофӣ гирифтанд. 
Мавзеи охирини сафари гурӯҳ ба Автодроми шаҳри Кӯлоб рост омад. Дар ин ҷо роҳбарияти муассиса гурӯҳро бо фаъолияти кори муассиса шинос намуд. 
Бо ҳамин сафари гурӯҳи устодону донишҷӯёни факултет ба минтақаи Хатлон ба анҷом расид ва донишҷӯён ба як хотироти бой ва бардошти зиёд ба пойтахт баргаштанд. 


Мавҷуда Давлатова, эдвайзер оид ба тарбияи факултет