Хабарҳо
Ҷамъбасти конфронси апрелӣ
Дар доираи Ҳафтаи илм дар донишгоҳ рӯзҳои 22-23 апрели соли равон конференсияи илмӣ-назариявии ҳайати профессорон, устодон ва донишҷӯёни ДДМИТ таҳти унвони «Таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир: муаммоҳо ва дурнамо» бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки васеи омӯзгорону магистрантон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Дар ҷаласаи пленарӣ маърӯзаи профессори кафедраи назарияи иқтисодии ДДМИТ Қандиёрова Д.О. дар мавзӯи «Тамоюлҳои муосири ҷараёнҳои ҳамгироӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: воқеият ва дурнамо» ва маърӯзаи номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи молия Оймаҳмадов Г.Н. дар мавзӯи «Самаранокии истифодаи маблағҳои буҷетӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида шуд.
Сипас чанд нафар ба музокира баромаданд, дар атрофи мавзӯъҳои баррасишуда фикру ақоиди хешро иброз доштанд ва маърӯзачиён ба суолҳои сершумор ҷавобҳои мушаххас доданд.
Конфронс баъдан дар бахшҳои иқтисод, молия ва андоз, фаъолияти бонкӣ, бозори фондӣ ва суғурта; менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодию молиявӣ; муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ ва фаъолияти гумрук; табиӣ-риёзӣ, информатика ва технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт; баҳисобгирии муҳосибӣ, омор, аудит ва таҳлили иқтисодӣ; фанҳои гуманитарӣ; забонҳо ва бахши варзиш ва мудофиаи гражданӣ идома ёфт. Дар он омӯзгорон, магистрантон ва донишҷӯён бо маърӯзаҳо баромад карданд.
Конфронс рӯзи 23 апрел корашро идома дод ва дар он омӯзгорон, магистрантон ва донишҷӯён бо маърӯзаҳои худ баромад карданд.
Дар охири рӯз конфронс ҷамъбаст гардида, ҳисоботи роҳбарони бахшҳо шунида шуд.
Дар ҷамъбаст Сафаров Баҳром баромад карда, афзуд, ки он мақолаҳое рӯи чоп меоянд, ки пешниҳодҳои илман асоснок дошта бошад ва муаллифон дар бахшҳо баромад карда бошанд.
Ҳамин тавр, ҳисоботи раиси бахши иқтисод, молия ва андоз – Насриддинов Ф.Б., фаъолияти бонкӣ, бозори фондӣ ва суғурта – Ашуров Ғ.; менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодию молиявӣ – Ашуров М.Н.; муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ ва фаъолияти гумрук – Муминов А.Б.; табиӣ-риёзӣ, информатика ва технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт – Наҷмиддинов А.; баҳисобгирии муҳосибӣ, омор, аудит ва таҳлили иқтисодӣ – Фасеҳзода И.С.; фанҳои гуманитарӣ – Сабуров У.; бахши забонҳо – Саидҷаъфаров О. ва бахши варзиш ва мудофиаи гражданӣ – Сафаров М.Қ. шунида шуд.
Дар ҷамъбаст мақолаҳои беҳтарин муайян карда шуданд. Аз ҷумла, дар бахши иқтисод, молия ва андоз:
Муртазоев Н.А., н.и.и., дотсенти кафедраи назарияи иқтисодӣ дар мавзӯи «Аҳамият ва мавқеи муносибатҳои тақсимот дар низомҳои иқтисодӣ»;
Дар бахши фаъолияти бонкӣ, бозори фондӣ ва суғурта: Маҳмадкаримов Х.Ш., муаллими калони кафедраи фаъолияти бонкӣ дар мавзӯи «Реинжиниринг дар фаъолияти бонкӣ»;
Дар бахши менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодию молиявӣ:
Холинова М., н.и.ҳ., ассистенти кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикорупсионӣ “Ҳуқуқ ва мавқеи зан аз нигоҳи қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”;
Дар бахши муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ ва фаъолияти гумрукӣ:
Ҳалимхонов З. А., ассистенти кафедраи фаъолияти гумрукӣ дар мавзӯи “Процесс трудовой миграции Республики Таджикистан в условиях рыночной экономики”;
Дар бахши табиӣ-риёзӣ, информатика ва технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт:
Ҳабибуллоев Х.Х., дотсенти кафедраи моделсозии математикӣ ва иттилоотӣ дар мавзӯи «Развитие электронной логистики в условиях цифровой экономики»;
Дар бахши баҳисобгирии муҳосибӣ, омор, аудит ва таҳлили иқтисодӣ:
Маъдиев С., н.и.и., дотсент, мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои методологии баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва назорат дар самти омӯзиши саноаткунонии босуръати кишвар”.
Дар бахши фанҳои гуманитарӣ:
Илчибекова М., н.и.ф., дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ дар мавзӯи „Нақш ва таълими фалсафа дар низоми муосири маориф“.
Дар бахши забонҳо:
Ҳасанова М., мақолаи ассистенти кафедраи забони русӣ зери унвони “Корбасти калимаҳои ифодагари ченаки вазн дар лаҳҷаҳо”;
Дар бахши варзиш ва мудофиаи гражданӣ:
Шокиров С.Ҷ., муаллими калон дар мавзӯи “Физическая культура и спорт, как фактор гарманичного развития мирового сообщества”;
Дар охир ба муассисаву ташкилотҳо пешниҳодҳои мушаххаси илмӣ карда мешаванд.
Машҳура Абдуллоева