Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Демография ва иқтисодиёти Тоҷикистон

Демография ва иқтисодиёти Тоҷикистон

Ин навбат маҳфили илмӣ-тарбиявии «Фарҳангдӯст», ки ба ҳафтаи илмии донишгоҳ рост омад, санаи 24 апрел баргузор гардид. Дар оғози маҳфил, ки ба мавзӯи «Демография ва иқтисодиёти Тоҷикистон» бахшида шуда буд, профессори кафедраи фанҳои гуманитарӣ Ғуломҷон Мирзоев суханронӣ намуд. Ғ.Мирзоев зимни суханронӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаи демографӣ ва таъсири он ба иқтисоди Тоҷикистон ҷалб намуда, иброз дошт, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолашон хабар доданд, ки аҳолии Тоҷикистон ба солҳои наздик ба 10 миллион нафар мерасад. Бинобар таъкиди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд ҳамаҷониба барои таъмини ин миқдор аҳолӣ бо тамоми шароитҳои зист ва ҳалли мушкилоти ҷойдошта бипардозем. Аз ин бар меояд, ки ҷомеаро мо бояд аз ҳозир омода кунем.- таъкид кард Ғ.Мирзоев. 
Дар идома муаллимаи калони кафедраи фанҳои табиатшиносӣ Вазира Орифҷонова вобаста ба мавзӯи мубрав баромад намуд. Зимни баромад таъкид гардид, ки дарк кардани афзоиши шумораи аҳолӣ дар замони муосир вазифаи асосии он буда, ин на танҳо ба талаботи худи илм, балки ба нақши афзояндаи омили демографӣ, умуман дар тараққиёти истеҳсолот ва ҷамъият муайян карда мешавад. Зимни омӯзиши асосҳои демогарфия донишҷӯён бо масоили назариявии он яъне, бо мафҳумҳои демография, бозтавлид, таҷдиди аҳолӣ, шумораи аҳолӣ ва тағйирёбии он, дараҷаи пасти таваллуд ва таъсири он ба ҷамъият, худбарқароркунии аҳолӣ, ҳодисаҳои демографӣ, вазъи демографӣ, сиёсати демографӣ, демографияи умумӣ ва минтақавӣ (регионалӣ) шинос мешаванд. 
Бояд ёдовар шуд, ки яке аз масъалаҳои умумиҷаҳонии инсоният, ки таҳти рақами 3 қарор дорад ва онро «проблемаи аср» меноманд «Таркиши демографӣ» мебошад. Бинобар ин омӯхтани раванҳои рушди демографӣ имконият медиҳанд, ки пешниҳодҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ аниқ муайян ва мушкилоти ҷойдошта ҳад карда шаванд. 
Дар анҷом музокира ва суолу ҷавоб сурат гирифт. 


Н.Раҳимзода